Гулбастпартоӣ
Гулбаст (бандона) — санъати гулпартоӣ дар матоъи пахтагини суф ва карбос. Гулбаст асосан, дар ороиши рӯймол, куртаву пойҷомаи занона, чодар ва маснуоти дигар ба кор меравад. Барои гулпартоӣ матоъро ба андозаи даркорӣ бурида, онро дар об шуста, дар офтоб мехушконанд. Нахуст ба он ҷойҳое, ки гул партофта мешавад, қатраҳои ранги зард, сурх ё сабзро мечаконанд. Вақте ки ранг хушк шуд бо риштаи сафед нуқтаҳои рангшударо ба мисли ангушт сахт мебанданд. Баъд аз баста шудани нақши гулҳо матоъро дар деги рангдор меҷӯшонанд. Маъмулан ранги замина сиёҳ, қаҳваӣ ва ё ягон ранги торик интихоб мешавад. Чун ранги замина хушк шуд, риштаҳоро мекушоянд. Ҷойҳои басташуда ранги бори аввал чаконидашударо дар худ нигоҳ медоранд. Тавассути санъати Гулбаст нақшҳои гули гирд, коса, ситора, моҳтоб, офтоб, чоркунҷа, баргак ва ғайра дар матоъ тасвир мешавад. Санъати Гулбаст дар минтақаи Кӯлоб ва қисман Рашту Дарвоз бештар маъмул буд.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Гулбаст /Д. Раҳимов. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷилди I (А-М).– Душанбе, 2015. – 668 с. (тоҷ.) ISBN 978-99947-33-79-8
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |