Гулбоғ (деҳа, н. Ваҳдат)
Гулбоғ — деҳа дар ҷамоати деҳоти Баҳори ноҳияи Ваҳдат. Аз Гулбоғ то маркази шаҳр 15 км; роҳ мошингард. Аҳолиаш 675 нафар (2017), тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | НТҶ |
Ноҳия | Ваҳдат |
Ҷамоат | Деҳоти Баҳор |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 675 тан |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонон |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 3136 |
Иқтисод
вироишДеҳа мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, бунгоҳи тиббӣ, масҷиди панҷвақта ва нуқтаҳои савдои хусусӣ дорад. Талабагон таҳсилро дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Ҳоҷиқатаған давом медиҳанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, чорводорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз оби чашмаҳо обёрӣ мешаванд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Гулбоғ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2013. — 332 с. — ISBN 978-99947-33-54-5