Гулбурӣ
Гулбурӣ — дар гулпарварӣ, чидани гул барои тайёр кардани гулдаста, гулчанбар ва ғ.
Гулҳоро бо мақсади якка кардан, дур сохтани шохчаҳои хушкида ва ғунчаву шукуфаҳои зиёдатию касал низ мебуранд. Маъмулан, ба гулбурӣ субҳдам, ҳангоми ботароватии ғунча, гул ва барг, рӯзҳои абрноку салқин машғул мешаванд. Дар вақти борон ва баъди он буридани гул ҷоиз нест, чунки гул аз нами зиёд мепӯсад. Барои он ки гулдаста дергоҳ тару тоза истад, маъмулан, гулғунчаро мебуранд (ғайр аз гули кавкаб ва баъзе навъҳои садбарг). Гулро ба оби борон ё оби бехлор дар гулдон гузоштан беҳтар аст. Гулҳоеро, ки ба ҷойи дур мебаранд, дар таҳхона ё яхдон (дар ҳарорати 0-2°С) нигоҳ медоранд. Ҳангоми буридани гул дар рустанӣ баргҳои солимро мемонанд (мас., дар лола 1-2, занбақ 6-8, садтумонӣ 2-3, оташгул 5-6 ҷуфт). Гули рустаниҳои дусола (момогул, ҳусниюсуф)-ро аз бехаш мебуранд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Гулбурӣ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Соколова Т. А. Цветоводство. М., 2006;
- Хессайон Д. Г. Все для сада своими руками. Кладез. 2007.