Гулгардонӣ
Гулгардонӣ (форсӣ: گلگردانی), бойчечак — маросими ойинии хосси бачагон, ки маъмулан дар охири феврал ва аввали март баргузор мешавад.
Бачаҳои 10-15-сола бо бӯи баҳор ба кӯҳу пуштаҳо рафта, бунафшаву сияҳгӯшу гули зардак чида, ба деҳа меоранд ва хона ба хона гашта, ба мардум сурудхонон аз омадани баҳор мужда мерасонанд. Намунае аз ин сурудҳо:
Гул овардем аз он поён,
Навидат медиҳем, деҳқон,
Бидеҳ ғалла ба гулгардон,
Баҳори нав муборак бод!
Гул овардем ба меҳмонӣ,
Ту қадри гул намедонӣ?
Агар донӣ, мусулмонӣ,
Баҳори нав муборак бод!
Гули зардак сано мега,
Санои Мустафо мега,
Ба ҳар паҳлу Худо мега,
Баҳори нав муборак бод!
Гули сияҳгӯш ҳафтрангай,
Хӯроки кабки дилтангай,
Ҳамеша бар саруш ҷангай,
Баҳори нав муборак бод!
Кадбонуҳо гулҳои баҳориро бӯса карда, ба абрӯ мемоланду мегӯянд: «Сабукиҳои шумо аз мо, вазниниҳои мо аз шумо!» Сипас, ба бачаҳо шодиёна, аз қабили биринҷ, гандум, нахӯд, мавиз ё меваҳои дигари хушк, қурут ва ғайра медиҳанд. Бачаҳо пас аз табрики хонаводаҳои деҳа дар хонаи яке аз шарикони худ ҷамъ меоянд ва соҳибхона аз масолеҳи гирдовардаи онҳо таоме мепазад. Бачаҳо пас аз хӯрдани таом туҳфаҳои боқимондаро байни ҳам тақсим мекунанд.
Гулгардонӣ бо сабку қолибҳои гуногун қариб дар байни ҳамаи тоҷикони Осиёи Марказӣ маъмул аст. Дар вилояти Хатлон гули зардак (гули баҳман)-ро даста баста ба хонаҳо мегарданд. Дар водии Ҳисор гули баҳманро «гули наврӯзӣ» меноманд. Дар водии Зарафшон (Самарқанду Бухоро), Фарғона, Қашқадарё онро «бойчечак» ва гулгардониро «бойчечакгӯӣ» меноманд. Тоҷикони Сурхондарё дар ин ойин гули сияҳгӯшро интихоб мекунанд.
Дар Бухоро гулгардониро «Булбулхонӣ» меноманд, ки аз гулгардонии дигар музофот як андоза тафовут дорад. Чунончи, агар дар дигар маҳалҳо гулгардонҳо бо дастагули дар нӯги чӯбе бо пахта печонида дар таги дарвозаи аҳли деҳа рост истода суруд хонанд, дар Бухоро соҳибони хонаҳо онҳоро ба хона дароварда, болои фарше мешинонанд. Сипас бачаҳо булбулосо месароянд, ки ба ин хотир ин маросим «Булбулхонӣ» ном гирифтааст. Матни суруд низ аз таронаҳои гулгардонии дигар маҳалҳо фарқ дорад.
Гулҳои бунафшаву баҳману сияҳгӯш вобаста ба иқлим дар ҳар макон дар замонҳои мухталиф мешукуфанд. Бинобар ин гулгардонӣ низ дар маҳалҳо пасопеш барпо мегардад. Дар аксарияти мавзеъҳо ин маросим аввали моҳи Ҳут (охири феврал — аввали март) фаро мерасад.
Дар гузашта дар маросими гулгардонӣ бузургсолон низ ширкат мекардаанд. Масалан, дар деҳоти ноҳияҳои Ёвону Ваҳдат мардум гулҳоро ба чӯбдаст баста, ба гурӯҳҳои се — чаҳорнафарӣ тақсим мешуданд. Онҳоро пирмардон раҳбарӣ мекарданд. Дар Қаротегину Дарвоз шогирдони мактабҳо пеш аз фарорасии Наврӯз аз гулҳои ҷоғузак, сияҳгӯш ва зардак гулдаста мебастанд. Агар ин гулҳо ҳанӯз наруста бошанд, аз коғаз гулҳо сохта, бо рангҳои гуногун оро медоданд. Дар водии Ҳисор наврасону ҷавонон аз саҳрову адир гули наврӯзию сияҳгӯшро бо решааш канда ба хона меоварданд ва дар саҳни ҳавлӣ мешинонданд. Баробари шукуфтани ин буттаҳо маросими гулгардонӣ оғоз меёфт. Барои он ки гули сияҳгӯш хубтар намояд, онро ҳамроҳи порчаи матоъҳои рангоранг ба нӯги чӯбдастҳои дароз мебастанд. Толибилмони Мадрасаи Нав, Мадрасаи Куҳна, Мадрасаи Чашмаи Моҳиён ва деҳоти атрофи шаҳри Ҳисор бо мақсаде дар гулгардонӣ ширкат мекардаанд, ки барои худ тӯшаи зиёдтаре андӯзанд, зеро аксари онҳо мусофиру камбизоат буданд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Гулгардонӣ / Д. Раҳимов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Аҳмадов Р. Фолклори маросимҳои мавсимии тоҷикони Осиёи Марказӣ. Д., 2007;
- Раҳимов Д. Нигоҳе ба ҷашнҳои миллӣ ва ойинҳои суннатии тоҷикон. Д., 2011;
- Сухарева О. А. Празднества цветов у равниных таджиков (конец XIX — начало XX в.) // Древные обряды верования и культы народов Средней Азии. М., 1986;
- Нурджанов Н. Традиционный театр таджиков. Т. 1. Д., 2002.
Пайвандҳо
вироиш- Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ. www.pitfi.tj. 19 феврали 2019 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)