Гулгашти ба номи академикҳо Раҷабовҳо

Гулгашти ба номи академикҳо Раҷабовҳо — дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, дар маркази пойтахт дар байни майдонҳои ба номи «800 солагии Москва» ва «Ғалаба» воқеъ аст.

Гулгашт дар ибтидо ҳамчун гулгашти фароғат ва истироҳати сокинони шаҳр соли 1958 (аритектор Б.А. Александров) бунёд ёфтааст. Гулгашт аввал дорои гулгаштҳои васеъ, ҳайкалчаҳои зебо, гулдонҳо, фаворачаҳо барои нӯшидани об, намудҳои гуногуни дарахту гулбуни гулшани назокат бунёд шуда буд. Гулгашти асосӣ майдонҳои ба номи «800 солагии Москва» ва «Ғалаба» пайваста аз он манзараи боназокати театри академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ намуддор буд. Дар гулгашт аз ду ҷониби он аввалин биноҳои бисёрошёнаи солҳои 1930-1950 шаҳр сохта шуда буданд. Акнун, баъд аз васеъ шудани роҳи автомобилгард ва пайдо шудани якчанд бинову истгоҳҳои автомобилгузорӣ ва диг., манзараи гулгашт коҳиш ёфтааст.

Эзоҳ вироиш

Манобеъ вироиш

Мамаджанова С., Мукимов Р. Архитектура и градостроительство Душанбе (история, теория и практика). — Д., 2008. — С. 286. (рус.)