Гулдаста
Гулдаста, дастагул — маҷмӯъае аз гулҳо аст, ки ба равиши халлоқонае канори ҳам чида шудааст. Аз дастагул метавон барои тазйиини хона ё сохтимонҳо истифода карда ё онро дар даст гирифт.
Тарикиби гулдаста
вироишГулдастаро аз гулҳои якранг ё гуногуни боғию худрӯй месозанд. Лола, наргис ва садбаргро дар вақти гулғунчагӣ, нимшукуфт ё баъди комилан шукуфтан мебуранд. Гулҳои ёқут, савсан, нилуфар ва садтуманиро ҳангоми нимшукуфт буридан лозим аст. Гулҳои кавкаб, довудӣ, оташгул, қашқарии яксола, хуҷаста ва синияро баъди комилан шукуфтан мебуранд. Гулро саҳар ё баъди ғуруби офтоб буридан лозим аст. Гулҳои буридаро ба гулдони пуроб мегузоранд. Барои гулҳои бурида оби ҷӯй ё оби начандон хунукро истифода мебаранд. Обро, маъмулан ҳар рӯз иваз мекунанд. Барои барқарор кардани таровати гулҳои пажмурда, онҳоро коғазпеч карда, дар сатили обдор ба ҷойи салқин мегузоранд. Бо мақсади дертар пажмурда шудани гулдаста ба оби гулдон маҳлули қанди 2,5-фоиза илова менамоянд, ки барои гулҳои садбарг, лола, мехчагул ва ёсуман манфиатбахш аст. Вале он барои нигоҳдории бунафшаи чаманӣ, наргис, пиретрум, клематис (ломонос) ҷоиз нест. Дар гулдон таносуби гулҳоро бояд ба назар гирифт. Масалан, дар гулдоне, ки садбарг гузошта шудааст, дигар гулҳоро ҷой намедиҳанд, зеро ин боиси зуд пажмурда шудани онҳо мегардад. Савсан, мехчагул ва наргисро бо дигар гулҳо ҳамроҳ намегузоранд. Бо гулҳои марворидаку лола якҷо нигоҳ доштани савсан ҷоиз нест. Гулҳое ҳам мавҷуданд, ки дар гулдон ҳамроҳ нигоҳ доштани онҳо боиси дерпоии ҳамдигар мешаванд. Мас., шохчаҳои дарахти савр лолаҳои гулдонро тару тоза нигоҳ дошта, онҳоро хушрангу ботароват мегардонанд. Зимистон аз рустаниҳои хушк (шохчаи коҷ, санавбар, меваи пардаарӯсак, туғи хушки най, лух, ғӯзахорак ва ғ.) низ гулдаста месозанд.
Бисёр мардуми дунё ҳангоми тақдим кардани гулдаста урфу одатҳои анъанавиро риоя мекунанд. Масалан, дар ИМА, Аврупо ва баъзе мамолики Шарқ гулҳои гулдаста бояд ҷуфт бошад. Дар Русия ва баъзе давлатҳои дигар гулдастаи иборат аз гулҳои тоқро туҳфа мекунанд. Дар ин кишварҳо гулдастаи гулҳояш ҷуфт дар рӯзи мотам оварда мешавад. Вале маъмулан, агар гулдаста аз 11 адад гул бештар дошта бошад, тоқ ё ҷуфт будани он муҳим нест.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Гулдаста // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Храмова Т. А. Цветы в вашем доме. Кострома, 2001;
- Хессайон Д. гулдаста Все об оранжировке цветов. М., 2003.
Пайвандҳо
вироиш- Media related to Category:Flower bouquets at Wikimedia Commons