«Гулзори Аъзам» (форсӣ: گلذار اعظم‎) — тазкираи адиби форсизабони Ҳиндустон Муҳаммад Ғавсхон Баҳодури Ҷанг, мутахаллис ба Аъзам (1824—1856).

Таълифаш соли 1853 ба итмом расид. Шарҳи ҳол ва намунаи ашъори 140 нафар шоири форсигӯйи мавзеи Карнотак (ҷануби Ҳиндустон)-ро дар бар мегирад. Номи шоирон ба тартиби алифбои форсӣ оварда шудааст. Аксари ашхоси дар тазкира овардашуда ҳамзамони муаллифанд. Соли 1856 дар Мадрас (Карнотак) ба табъ расидааст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • دانشنامۀ ادب فارسی. ادب فارسی در شبه قاره (هند، پاکستان، بنگلدش)..جلد چهارم، بخش سوم. تهران، ۱۳۸۰ ش.ر