Гулзорон
Гулзорон[1][2] (то моҳи марти 2022 — Гулама) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Сайлиободи ноҳияи Лахш. Аз Гулзорон то маркази ҷамоат 5 км, то маркази ноҳия 57 км; роҳ мошингард. Аҳолиаш 840 нафар (2014), қирғизҳо.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | НТҶ |
Ноҳия | Лахш |
Ҷамоат | Деҳоти Сайлиобод |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Номҳои пешина | то 2022 Гулама, Ғулома |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 673 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон ва қирғизҳо |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3132 |
Нишонаи почта | 737450 |
Соли 1973 таъсис ёфтааст.
Иқтисод
вироишМактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, масҷиди панҷвақта дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: сабзавоткорӣ, картошкапарварӣ, чорводорӣ. Заминҳо аз наҳрҳои Ғулама ва Қараған-Тало обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулзорон 3 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Садои мардум — нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба иваз намудани номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Лахш (ru-RU). 14 сентябри 2022 санҷида шуд.
- ↑ Sputnik Тоҷикистон. Тағйири беш аз 40 ҷойном дар Лахш(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (20220322T1137+0500). 14 сентябри 2022 санҷида шуд.
Сарчашма
вироиш- Гулама // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2