Гулистони ҳунар
«Гулистони ҳунар» (форсӣ: گلستان هنر) — тазкираи Қозӣ Аҳмад Муншии Қумӣ дар шарҳи аҳволи хушнависону мусаввирон, наққошону музаҳҳибон, саҳҳофону афшонгарон, рангрезон ва дигар аҳли китобу китобхонаҳо.
Нависанда | Аҳмад ибни Мирмуншӣ |
---|
«Гулистони ҳунар» ду таҳрир дорад. Таҳрири аввал, ки соли 1598 ба поён расидааст, аз дебоча, муқаддима, се фасл ва хотима иборат аст. Дебоча шомили ҳамду наът, лақабҳои имомони шиа, мадҳи Шоҳ Аббоси Сафавӣ (1571—1629) ва сабаби таълифи китоб буда, дар муқаддима роҷеъ ба қалам, сабаби пайдоиши хат ва зарурати он сухан меравад. Фасли аввал «Дар баёни хатти сулс», фасли дуввум «Дар зикри хатти таълиқ» ва фасли севвум «Дар баёни хатти настаълиқ» аст. Хотимаи тазкира аз зиндагии наққошону музаҳҳибон, мусаввирону афшонгарон, рангрезону саҳҳофон нақл мекунад. Таҳрири дуввуми «Гулистони ҳунар» (соли 1607) аз таҳрири аввалӣ на фақат аз рӯи таъбирҳову такмили мадракҳо ва рақамҳо, балки аз ҷиҳати сохт низ фарқ мекунад. Муаллиф дар ин таҳрир номи Шоҳ Аббосу хонадони ӯро аз муқаддима хориҷ карда, хотимаи таҳрири аввалро ба дараҷаи фасл расонда, хотимаи тамоман наве навиштааст. Сохти таҳрири дуввуми «Гулистони ҳунар» чунин аст: муқаддима, фасли аввал — «Дар баёни хатти сулс» (бо зикри 58 устоди ин навъи хат), фасли дуввум — «Дар зикри хатти таълиқ» (ба зикри 38 тан аз саромадони ин навъи хат), фасли севвум — «Дар шарҳи хатти настаълиқ» (бо зикри 67 тан аз устодони ин навъи хат), фасли чаҳорум — «Дар зикри аҳволи наққошон, музаҳҳибон, акссозон, афшонгарон ва саҳҳофон» (ҳамагӣ 42 нафар устоди ин ҳунарҳо), хотима — «Дар боби тазҳибу ҷадвал ва ранги алвон ва сохтани мураккаб ва анвои мухталиф». Санъаткорону ҳунарвароне, ки шарҳи ҳоли онҳо дар «Гулистони ҳунар» оварда шудааст, аксар дар асри 16, дар замони сафавиҳо дар Ҳирот, Машҳад, Табрез, Қазвин, Қум, Шероз, Кошон, Наҷаф, Бағдод зиндагию эҷод кардаанд. Муаллиф, ки бо аксари онҳо мулоқот кардаву онҳоро шахсан мешинохтааст, маълумотро дар асоси дидаву шунидаҳояш, санадҳо ва манбаъҳои хаттӣ тартиб дода, роҷеъ ба санъати меъморӣ ва намунаҳои он, мусиқӣ, оҳангу нақшҳое, ки дар замони ӯ эҷод гардидаанд, ахбор дода, аз бисёр касон намунаи шеър меорад. «Гулистони ҳунар» бо ин вижагӣ аз асилтарин манобеи мутолиаву таҳқиқ роҷеъ ба ҳаёти ҳунарии Эрон дар давраи Сафавиён мебошад. Муаллиф дар ҷо-ҷои китоб ба таносуби мавзӯъ аз ашъори шоирон истифода кардааст, ки ин амр ҷаззобияти асари ӯро афзудааст. «Гулистони ҳунар» на танҳо барои таърихи хаттотӣ, таҳаввули сабку шеваҳои он ва таърихи наққошию санъати тасвирӣ, балки, умуман, барои омӯхтани таърихи санъату ҳунари асри 16 ва қабл аз он аҳаммияти бузург дорад. «Гулистони ҳунар» роҷеъ ба Абдурраҳими Анисӣ, Самеи Нишопурӣ, Султоналии Машҳадӣ, Миралии Ҳиравӣ, Маҷнуни Чапнавис, Сунъии Нишопурӣ, Айшии Ҳиравӣ, Мир Ибод, Шоҳ Таҳмосб, Бойсунғур ибни Шоҳрух, Маъруфи Хаттоти Бағдодӣ ва дигарон маълумоти муфид медиҳад. Аз ҳар ду таҳрири «Гулистони ҳунар» то замони мо нусхаҳо расидаанд. Онҳо дар китобхонаҳои Эрон, Русия, Тоҷикистон, Ҳиндустон, Туркия, Англия маҳфуз буда, дар Эрон (1971, 1973), ба русӣ (1947) ва англисӣ (1959) тарҷумаву нашр шудаанд. Соли 1973 Аҳмад Суҳайлии Хонсорӣ нусхае аз ин китобро тасҳеҳ карда, тавассути интишороти Манучеҳрӣ чоп кард. Вай ба ин асар муқаддимаи қобили таваҷҷуҳе дар се фасл навиштааст, ки фасли аввал «Дар хусуси таърих ва пайдоиши хатти арабӣ ва форсӣ» аст. Фасли дуввум «Таърихи наққошӣ ва наққошони машҳури ихтисосёфта» ном дорад. Фасли севвум — «Қозӣ Мираҳмади Муншӣ ва таълифоти ӯ».
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Гулистони ҳунар / А. Афсаҳзод // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- احمد گلچین معانی. تأریخ تذکره های فرس. تهران، 1326 ه.ش.؛
- قاضی احمد منشی قمی گلستان هنر. تهران، 1383 ه.ش.ر