Гулистон (деҳа, н. Ашт)
Гулистон — деҳа дар ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Ашт. Аз Гулистон то маркази ҷамоат 3 км, то маркази ноҳия 48 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 828 нафар (2017), тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Суғд |
Ноҳия | Ашт |
Ҷамоат | Деҳоти Ориён |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 828 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 3453 |
Таърих
вироишСоли 1948 бунёд шудааст.
Иқтисод
вироишМактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, масҷиди панҷвақта, чойхона чойхона, устохонаи таъмири автомобил ва нуқтаҳои савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз Канали Шимоли Фарғона обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулстон 29 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст.
Сарчашма
вироиш- Гулистон // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2