Гулистон (деҳа, н. Истаравшан)
Гулистон (собиқ Ғайрат) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Гули Сурхи ноҳияи Истаравшан. Аз Гулистон то маркази ноҳия 2 км. Аҳолиаш 1264 нафар (2017).
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Суғд |
Ноҳия | Истаравшан |
Ҷамоат | Деҳоти Гули Сурх |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 1264 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 3454 |
Ҷуғрофиё
вироишСоли 1935 ташкил шудааст. Аз Гулистон то маркази ноҳия 2 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1204 нафар (2014). Гулистон мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, ошхона, чойхона, масҷиди панҷвақта, нуқтаҳои хидмати маишӣ ва савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз чоҳҳои амудӣ ва обанбори Каттасой обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулистон 25 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуданд.
Сарчашма
вироиш- Гулистон // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2