Гулистон (деҳа, н. Панҷакент)
Гулистон — деҳа дар ҷамоати деҳоти Воруи ноҳияи Панҷакент. Аз Гулистон то маркази шаҳр 30 км; роҳ мошингард. Аҳолиаш 1132 нафар (2013), тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Суғд |
Ноҳия | Панҷакент |
Ҷамоат | Деҳоти Вору |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 1100 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонон |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 3475 |
Иқтисод
вироишМактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ (№ 65), бунгоҳи тиббӣ, 2 нуқтаи савдои хусусӣ, масҷиди панҷвақта, осиёби хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, чорводорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз наҳри Марғедар обёрӣ мешаванд.
Таърих
вироишДеҳа солҳои 1968-1969, баъди ба истифода додани наҳри Марғедар ва обёрӣ гардидани заминҳои бекорхобида бунёд гардида, аҳолӣ аз деҳаҳои баландкӯҳу ноҳамвори Пағна, Порвен ва Вен ба Гулистон кӯчиданд. Деҳа ба ҳайати к-зи «Зарафшон» дохил мешуд. Ҳоло дар ҳудуди Гулистон хоҷагии деҳқонии «Гулистон», 2 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Гулистон // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2013. — 332 с. — ISBN 978-99947-33-54-5