Гулистон (деҳа, н. Тоҷикобод)
Гулистон — деҳа дар ҷамоати деҳоти Шогадоеви ноҳияи Тоҷикобод. Аз Гулистон то маркази ҷамоат 1 км, то маркази ноҳия 4 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1106 нафар (2017), тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | НТҶ |
Ноҳия | Тоҷикобод |
Ҷамоат | Деҳоти Шогадоев |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 1106 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3154 |
Нишонаи почта | 737450 |
Иқтисод
вироишДеҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 3 нуқтаи савдои хусусӣ, осиёби барқӣ, масҷиди панҷвақта, устохонаи дуредгарӣ ва чойхона дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, чорводорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз дарёи Шӯраки деҳаи Нӯшор обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулистон 22 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст.
Шахсиятҳои маъруф
вироишАрбоби давлатӣ Мирзохӯҷа Шоев дар ҳамин деҳа таваллуд шудааст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Гулистон // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2