Гулистон (деҳа, н. Шаҳринав)

Гулистон (собиқ Советобод) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Сабои ноҳияи Шаҳринав. Аз Гулистон то маркази ҷамоат 2 км, то маркази ноҳия 3 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1718 нафар (2017), тоҷикон. Соли 1932 таъсис ёфтааст..

Деҳа
Гулистон
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Шаҳринав
Ҷамоат Деҳоти Сабо
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 1718 тан (2017)
Миллият тоҷикон, ӯзбакҳо
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3155

Иқтисод

вироиш

Деҳа мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, нуқтаҳои савдои хусусӣ, меҳмонхона ва бунгоҳи тиббӣ дорад. Талабагон таҳсилро дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Қади Ҷӯйбор давом медиҳанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, чорводорӣ, боғдорӣ, ғаллакорӣ. Заминҳо аз наҳри Қаратоғ обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулистон 7 хоҷагии хурди деҳқонӣ ва кооперативи истеҳсолии «Пушти Миёна» (муассисаш Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Наҷмиддин Аюбов) мавҷуд аст.

Сарчашма

вироиш