Гулистон (деҳа, ҷ. Ёва, н. Ғафуров)
Гулистон — деҳа дар ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Ғафуров. Аз Гулистон то маркази ҷамоат 3 км, то маркази ноҳия 12 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 919 нафар (2017), тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Суғд |
Ноҳия | Ғафуров |
Ҷамоат | Деҳоти Ёва |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 919 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 3442 |
Соли 1918 ташкил шудааст. Дар ҳудуди Иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолии ба номи Раҳмон Набиев ҷойгир аст.
Иқтисод
вироишНуқтаҳои хидмати маишӣ, қаҳвахонаи «Висол», нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, масҷиди панҷвақта, устохонаи чӯбгарӣ, ошхона ва чойхона дорад. Гулистон мактаб надорад. Талабагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Ҷӯи Раззоқ таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: сабзавоткорӣ ва боғдорӣ. Заминҳо аз дарёи Сир обёрӣ мешаванд.
Шахсияҳои маъруф
вироишДеҳа зодгоҳи шоир Муҳиддин Фарҳат аст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Гулистон // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2