«Гулистон» (форсӣ: گلستان‎) — суруд ва оҳанги бостонии мавсимию маросимӣ мансуб ба маҷмӯи 360 таронаву оҳанги Борбад (589/90-628); оҳанги махсус дар қисми севвуми ҳафт дастони «Хусравонӣ»-и Борбад. Дар манобеи адабӣ «Гулистон»-ро аз лаҳнҳои машҳуре ёдоварӣ мекунанд, ки гӯё Борбад онро ба ифтихори бунёди боғе барои Ширин — маҳбубаи Хусрави Парвиз тасниф кардааст. Баъзе маъхазҳо овардаанд, ки «Гулистон»-ро Борбад ба муносибати ҷашнвораи Наврӯз эҷод кард.

Мусиқишиносон Муҳаммади Нишопурӣ (дар «Рисола дар мусиқӣ») ва Мирсайидалии Ҷурҷонӣ (дар «Мақолиду-л-улум») «Гулистон»-ро гӯшаи муҳимми мусиқӣ дар таркиби мақоми «Бӯсалик» хондаанд. Аммо онро баъзан ба сифати қисми тараннумию тазйинии ҳусни мақомҳо дар мақоми «Ироқ» истифода мекардаанд. Дар дохили «Шашмақом» бо чунин ном қисми созию овозӣ вуҷуд надорад. Дар «Ҳафтдастгоҳ»-и эронӣ низ бо ин унвон шуъба ё гӯшаи махсус нест. Ҳоло дар таркиботи мусиқии устодонаи тоҷикӣ (мақомҳо) амал надорад, шояд номаш тағйир ёфтааст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Раҷабов А. Эҷод ва иҷрои мусиқӣ дар садаҳои IV—VII. Д., 2011.
  • مهدئ برکشلی. شرح ردیف موسیقی ایران. تهران، ١۳۴۶ ه. ش.؛
  • محمد علئ امام ششتری. شعر و موسیقی و ساز و آواز در ادبیات فارسی. تهران٬ ١۳۴۶ ه. ش.؛
  • نصرت الله حدادی. فرهنگنامۀ موسیقی ایران. تهران٬ ۶ه. ش. ؛
  • مهدئ ستایشگر. واژه نامۀ موسیقی ایران زمین. جلد 1 ، تهران، ١۳۸١ ه.ش.ر