Гули Наврӯз
«Гули Наврӯз» (форсӣ: گل نوروز) — рисолаи ирфонии Аҳмади Косонӣ, ки зоҳиран дар баёну тафсири ҳадиси ғанимат шумурдани сардии баҳор ва дурӣ ҷустан аз сардии тирамоҳ аст.
«Гули Наврӯз» ҷанбаи таълимӣ ва пандуҳикматӣ дошта, онро насри бисёр равону ширин, ашъор ва тамсилу ташбеҳоти зиёд зинат додаанд. Ба мисли: «тухми муҳаббат», «замини дил», «гулҳои мушоҳадот», «меваҳои муоянот», «шароби маҳаббат», «паймонаи сухан ва хумхонаҳои ваҳдат». Косонӣ зимни баёни манзуру мурод аз ёди баҳорӣ ва боди баҳорӣ ба таълими марҳалаҳои сайру сулук, таърифи истилоҳоту таъбироти ирфонӣ, назири қабзу баст, дард, ишқ, сукр, фано ва панду андарзҳои суфиёна пардохтааст. Аз «Гули Наврӯз» ба шӯру ҷазабаи ишқи илоҳӣ афтодани Косонӣ ва тариқаи нақшбандия пеша кардану машраби ваҳдати вуҷуд доштани ӯ ошкор мешавад. Дар «Гули Наврӯз» ҳамчунин таълимоти иҷтимоии қобили таваҷҷуҳ ва арзишманд баён шудааст. Дар он дар бораи эътиқоду иноёти амир Убайдуллоҳхон (яке аз салотини ӯзбектабори замони Косонӣ, ки дар Самарқанд қарор дошта, ашъори ирфонии зиёде ба забони форсӣ-тоҷикӣ сурудааст) сухан ронда, нақши подшоҳонро дар тазмину бақо ва рушду ривоҷи тариқати дарвешон арзишманд арзёбӣ кардааст. Нусхаи чопи сангии «Гули Наврӯз» дар ганҷинаи дастхатҳои Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 4698/22 маҳфуз аст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Гули Наврӯз / У. Камолов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- محمد هاشم کشمی بدخشی برهانپور. نبمات القدس من حدائق الانس. تهرانف ١٣٧٤ ه. ش.ر