Гули Сурх (деҳа, н. Ҳисор)

Гули Сурх (собиқ Қарахонӣ) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Алмосӣи ноҳияи Ҳисор. Аз Гули Сурх то маркази ҷамоат 5 км, то маркази ноҳия 16 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1439 нафар (2017), тоҷикон.

Деҳа
Гули Сурх
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Ҳисор
Ҷамоат Деҳоти Алмосӣ
Таърих ва ҷуғрофиё
Номҳои пешина Қарахонӣ
Аҳолӣ
Аҳолӣ 1439 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3139
Нишонаи почта 735020

Иқтисод

вироиш

Гули Сурх нуқтаҳои савдои хусусӣ, масҷиди панҷвақта ва осиёби хусусӣ дорад. Деҳа мактаб надорад. Хонандагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Алмосӣ таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: ғаллакорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо лалмӣ. Дар ҳудуди Гули Сурх 102 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст.

Аҳолӣ

вироиш

Солҳои 1918 таъсис ёфта, як қисми аҳолиаш аз минтақаи Сари Хосори ноҳияи Балҷувон ба Гули Сурх кӯчидаанд.

Сарчашма

вироиш