Гули Сурх — шаҳрак дар ҷамоати деҳоти Қалъачаи Калони ноҳияи Истаравшан.

Маҳалли аҳолинишин
Гули Сурх
Кишвар  [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё

Аз Гули Сурх то маркази ноҳия 2 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 350 нафар (2014). Гули Сурх дорухона, 3 ошхона, чойхона, меҳмонхона, устохонаи таъмири автомобил, масҷиди панҷвақта, нуқтаҳои савдои хусусӣ дорад. Идораи «Тоҷикматлубот»-и ноҳияи Истаравшан дар Гули Сурх ҷойгир шудааст. Мактаб надорад. Талабагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Қалъачаи Калон ва литсейи № 1-и маркази ноҳия таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз обанбори Каттасой обёрӣ мешаванд. Аҳолиаш аслан ба тиҷорат ва соҳибкорӣ машғуланд. Дар ҳудуди Гули Сурх 3 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст.

Адабиёт

вироиш