Гули коҳ, сафедкоҳ — боқимондаи ғалладона, ки баъди кӯфтану аз дон ҷудо кардани он мемонад.

Таркиби гули коҳ серғизо буда, пӯсти дон, қисмҳои сарак, появу баргреза, майдаи дон, тухми алафҳои бегона дорад. Гули коҳро ба хӯрокҳои сершира илова мекунанд ё бо дурда, меласса (партови заводи лаблабуи қанд) тар карда, ба чорво медиҳанд.

Адабиёт

вироиш