Гули чашм
Гули чашм, тухмак, лейкома, белмо — тира шудани қарния (шохпарда)-и чашм. Дар натиҷаи бемориҳои илтиҳобӣ (кератит, трахома, захми қарния) ё осеби гуногун (механикӣ, ҳароратӣ, кимиёӣ)-и чашм пайдо мешавад. Модарзодӣ низ мешавад. Сабаби он бемориҳои илтиҳобии шохпарда мебошанд, ки тифл дар батни модар аз сар гузарондааст. Гули чашм тамоми шохпарда ё як қисми онро фаро гирифта дар баъзе мавридҳо сабаби нобиноӣ мегардад.
Гули чашмро бо ҷарроҳӣ муолиҷа мекунанд. Бо мақсади пешгирии он бемориҳои илтиҳобӣ ва осебҳои шохпардаро сари вақт табобат кардан лозим аст. Ҳамчунин дар корхонаҳои саноатӣ қоидаҳои бехатарӣ бояд ҳатман риоя карда шаванд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — 660 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Коровенков Р. И. Наследственные и врожденные заболевания глаз. СПб., 2007;
- Могутин Б. М. Атлас глазных болезней. СПб., 2008.