Гулмазор — деҳа дар ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Ваҳдат. Аз Гулмазор то маркази ҷамоати деҳот 3 км, то маркази шаҳр 7 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 928 нафар (2017), тоҷикон. Соли 1930 ташкил шудааст.

Деҳа
Гулмазор
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Ваҳдат
Ҷамоат Деҳоти Гулистон
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 928 тан
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонон
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3136

Иқтисод

вироиш

Деҳа масҷиди панҷвақта ва нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Мактаб надорад. Талабагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Муллодавлат таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ, ғаллакорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз дарёи Кофарниҳон обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулмазор 90 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст.

Сарчашма

вироиш