Гулмаҳмад Зокиров (Зокиров Гулмаҳмад Нозимович; 14 ноябри 1959) — сиёсатшинос, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ (1998), профессори кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2000).

Гулмаҳмад Зокиров
Зокиров Гулмаҳмад Нозимович
Таърихи таваллуд 14 ноябр 1959(1959-11-14) (64 сол)
Фазои илмӣ сиёсатшиносӣ
Дараҷаи илмӣ: доктори илм
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин

Зиндагинома вироиш

Гулмаҳмад Зокиров баъди бо дипломи аъло хатм намудани факултети таърихи Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин соли 1983 мувофиқи тақсимоти комиссияи давлатӣ ба кафедраи коммунизми илми ҳамин донишгоҳ ба кор омада, то ин замон дар рушду нумуи илмҳои сиёсӣ заҳмати зиёд кашидааст.

Ӯ баъди хатми аспирантура соли 1988 дар мавзӯи «Зудҳаракатии муҳоҷирати аҳолӣ ҳамчун омили баҳамназдикшавии миллату халқиятҳо» дар Донишгоҳи давлатии Москва рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, соҳиби дараҷаи номзади илми фалсафа гардидааст. Соли 1990 ба вай унвони дотсентӣ дода шуд. Баъди хатми докторантура соли 1998 дар дар Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов диссертатсияи докторӣ дар мавзӯи «Равандҳои муҳоҷиратӣ ва муносибатҳои миллӣ: масъалаҳои баҳамтаъсиррасонӣ ва махсусияти инкишоф» ҳимоя намуда, соҳиби унвони доктори илмҳои сиёсӣ гардидааст. Аз соли 2000 профессори кафедраи сиёсатшиносии ДМТ мебошад.

Фаъолияти илмӣ вироиш

Гулмаҳмад Зокиров зиёда аз 300 корҳои илмӣ, илмию оммавӣ ва таълимӣ, аз ҷумла 16 рисолаи илмӣ, 12 китоби дарсӣ ва зиёда аз 50 воситаҳо ва барномаҳои таълимӣ нашр гардонидааст ва бо ҳамин дар пайдоиш ва инкишофи илми сиёсии Тоҷикистон мақоми асосиро дарёфт намудааст.

Гулмаҳмад Зокиров аввалин барномаи фанни сиёсатшиносиро таҳия ва нашр намудааст, ки дар ташаккули донишҳои муосири сиёсии Тоҷикистон нақши назаррас ва дар бисёр мавридҳо хосияти муайянкунанда дорад. Ӯ ташаббускори таҳияи аввалин воситаи таълимӣ аз фанни сиёсатшиносӣ (1992) ва муаллифи аввалин китоби дарсии сиёсатшиносӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ мебошад. Китоби мазкурро тавассути дархости Вазорати маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон таълиф намуда, соли 1995 ба ихтиёри донишҷӯён вогузор намудааст. Он то соли 2010 дар шароити ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати китоби ягонаи дарсӣ амал менамуд. Се нашри китоб, ки бо иловаҳо ва тағйироти зиёд анҷом дода мешуданд, сифати гузориши масъалаҳои сиёсӣ ва дарёфти ҳалли онҳоро комил мегардонид. Ин ибтидои кор буд. Табиист, ки китоби мазкур майдони баҳс ва талошҳоро дар атрофи низоми нави донишҳои сиёсӣ ташаккул ва рушд дод.

Солҳои минбаъда аз ҷониби профессор Гулмаҳмад Зокиров як зумра китобҳои дарсӣ ҳам барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва ҳам барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ омода гардиданд. Ӯ китоби дарсии «Моҷарошиносӣ» (2001), «Геополитика» (2009), «Таърихи таълимоти сиёсӣ»-ро (2010) низ ба ихтиёри донишҷӯён гузоштааст. Вай муҳаррири масъул ва яке аз муаллифони китоби дарсии «Инсон ва ҷомеа» (2000, 2004) барои хонандагони синфҳои 10 — 11-и мактабҳои таҳсилоти умумӣ мебошад.

Дар фаъолияти илмию таҳқиқотӣ профессор Гулмаҳмад Зокиров амали зиёде анҷом додааст. Мавзӯи асосии таҳқиқоти ӯро масъалаҳои ҳокимияти сиёсӣ, инкишофи назария ва амалияи давлат, масъалаҳои сиёсии муҳоҷирати аҳолӣ, инкишофи муносибатҳои умумиятҳои миллию этнополитикӣ, сохтор ва муносибатҳои давлатдорӣ, масъалаҳои ҷомеаи демократӣ, ваҳдати миллӣ, таҳкими истиқлоли давлатӣ, масъалаҳои сиёсии инкишофи олами муосир, бахусус, таҳдиду муқовиматҳо ва моҷароҳои сиёсӣ ва инчунин дарёфти роҳу воситаҳои ҳалли онҳо ташкил медиҳанд.

Осори илмӣ вироиш

  • «Илм дар бораи сиёсат» (1993);
  • «Масъалаҳои миллию сиёсии муҳоҷирати аҳолӣ дар Тоҷикистон» (1995);
  • «Ҳунари роҳбарӣ ва суннатҳои давлатдорӣ» (бо ҳаммуаллифӣ) (1994);
  • «Демократия ва ҷомеаи демократӣ» (1995);
  • «Бозсозӣ ва масъалаҳои сиёсии инкишофи муносибатҳои миллӣ»;
  • «Интихобот ва системаҳои интихоботӣ» (2000);
  • «Ҷомеаи шаҳрвандӣ» (2001);
  • «Раванди сиёсӣ» (2001);
  • «Терроризм» (2004);
  • «Коррупсия» (2005);
  • «Истиқлоли сиёсӣ» (2002, 2006);
  • «Идеологияи сиёсӣ» (2008);
  • «Манфиатҳои миллӣ-омили меҳварии рушди давлатдорӣ» (2008, ҳаммуаллиф);
  • «Системаи сиёсӣ: масъалаҳои рӯз ва дурнамои инкишоф». Д., 2011;
  • «Давлат». қисми I. Д., 2012;
  • «Ҳокимияти сиёсӣ: тавоноӣ, тақсимот ва самаранокии он». Д., 2013;
  • «Минтақаи кӯҳистон (Таҳқиқоти геополитикӣ)». Душанбе, 2016;
  • «Минтақаи Кӯҳистон» ҳамчун доктринаи геополитикии инкишофи ҷумҳурии Тоҷикистон". Душанбе, 2017

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Мактаби илмии Г.Зокиров // 25 зинаи камолот. Д., 2017. С. 394—396;
  • Ситораи саъд // Паёми Душанбе, 2005, 16 дек.;
  • Олимони Донишгоҳ. Д., 1998. С.347-349;
  • Даргоҳи илму хирад. Д., 1998. С.56-57;
  • Энсиклопедияи олимони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон. Д., 2008. С.108;
  • Маҳмадов А. Донишномаи мухтасари сиёсӣ. Душанбе, 2016. С. 95-97.