Гулмуҳаммади Аҳмадпурӣ
Гулмуҳаммади Аҳмадпурӣ форсӣ: گل محمد احمدپوری; ? — 1827) — орифи силсилаи чиштия дар Ҳинд.
Зиндагинома
вироишНасаби тариқатиаш ба суфии баландовоза Маъруфи Кархӣ мерасад. Яке аз гузаштагони ӯ Шайх Заҳируддин дар айёми ҳукмронии Шоҳиҷаҳон аз Бухоро ба Ҳиндустон рафта, ба мансаби шайхулисломӣ расида буд. Падари Гулмуҳаммади Аҳмадпурӣ дар Аҳмадпури Шарқӣ, воқеъ дар вилояти Баҳовлипур, муқим буд. Гулмуҳаммади Аҳмадпурӣ дар Аҳмадпур ба таҳсил пардохта, муриди Қозӣ Муҳаммадақили Чиштӣ, маъруф ба Шамсулҳудо ва пас аз муддате халифаи ӯ гашт. Ӯ баъди таълифи китоби «Зикру-л-асфиё фӣ такмилати сияри-л-авлиё» дар фазилати Шамсулҳудо (соли 1815) шуҳрат ёфт. Ин китоб такмилаест бар «Сияру-л-авлиё»-и Мирхурди Кирмонӣ. Гулмуҳаммади Аҳмадпурӣ монанди Шоҳкалими Деҳлавӣ чандин мадраса бунёд кард, ки дар онҳо нафарони зиёд ба таҳсил машғул буданд. Фарзандони ӯ Хоҷа Муҳаммад Маҳмудбахш (фавт 1872) ва Маҳмадбахш (фавт 1880) роҳи падарро дар тариқати чиштия идома додаанд.
Оромгоҳи Гулмуҳаммади Аҳмадпурӣ аз маконҳои муқаддаси Ҳинд ба шумор рафта, ҳар сол маросими ёдбуди вай дар нуҳуми муҳаррам дар он ҷо барпо мегардад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Гулмуҳаммади Аҳмадпурӣ / Ф. Маҳмадуллоев // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- دانشنامۀ ادب فارسی. ادب فارسی در شبه قاره (هند، پاکستان و بنکلادش). جلد چهارم، بخش سوم. تهران، ۱۳۸۰ ش.ر