Гулназар Шукуров — забоншинос, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Гулназар Холович Шукуров
Таърихи таваллуд 1 январ 1974(1974-01-01) (50 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Айнӣ, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ фиолология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Зиндагинома

вироиш

Гулназар Шукуров соли 1999 факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Соли 2001 ассистенти кафедраи Хат ва матни форсии тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, соли 2007 муаллими калони кафедраи забони тоҷикӣ барои ихтисосҳои ғайрифилологии ДМТ, аз соли 2011 то ҳол дотсенти кафедраи мазкур. Соли 2007 рисолаи номзадиашро таҳти унвони «Таҳаввули забони адабии тоҷик дар даврони Истиқлол» ҳимоя намудааст. Аз соли 2009 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад. Муаллифи 1 монография, 3 васоити таълимӣ ва бештар аз 15 асару мақолаҳои илмӣ-методӣ ва оммавӣ мебошад.

  • Дастури иншонигорӣ (барои довталабони макотиби олӣ). – Душанбе: «Нодир», 2008 (ҳаммуаллиф);
  • Дастури таълимии забони тоҷикӣ барои факултетҳои иқтисодӣ (замима ба китоби дарсӣ). – Душанбе: «ЭР-граф», 2009 (ҳаммуаллиф);
  • Таҳаввули забони адабии тоҷик дар даврони Истиқлол».– Душанбе: «ЭР-граф», 2011;
  • Луғати вожаҳои нав. – Душанбе: «ЭР-граф», 2013.[1]