Гулнақш (форсӣ: گلنقش‎) — ороиши гулгашту роҳравҳову майдонҳо бо анвои гулҳои табиӣ, ки ду шакл — сода (мудаввар, чаҳоркунҷа ё чандкунҷа) ва мураккаб (дар намуди нақши хоссе, мусаввара ё матни мунтахаб) аст. Дар ороиши гулнақш буттачаману бунафша, бӯстонафрӯз, садтумонӣ, оташгул, лола, наргис, райҳон ва амсоли ин, ки аксаран пиёзбеханд, истифода мешаванд. Баъзан гулнақшҳоро барои зинати муҷассамаву мусаввараҳо ба кор мебаранд. Дар таҳияи гулнақш ихтисосмандони олами рустаниҳо, меъморону ороишгарони ҳирфаӣ иштирок мекунанд. Шаклҳои гуногуни гулнақшро дар майдони «Дӯстии халқҳо», хиёбони «Ғалаба», Қасри миллат, Кохи Борбад, Кохи Истиқлол, Кохи Сомон, Боғи устод Рӯдакӣ, Боғи фарҳангии шаoри Душанбе ва ғ. дидан мумкин аст;

Гулнақш, усули гулпартоӣ дар санъати тасвирию амалии тоҷикони Осиёи Марказӣ, ки дар матоъ, маснуоти кулолӣ, гачкорӣ, сангтарошӣ ва кандакории чӯб истифода мешавад. Дар санъати кулолӣ устоҳо чандин навъи гулнақш (ислимӣ, мадохил, гиреҳ, барг, гул ва ғ.)-ро ба кор мебаранд. Аммо нақшҳое, ки гул номида шудаанд, беш аз 200 гуна буда, ба номи гулҳо (садбарг, раъно, бунафша, хайрӣ ва ғ.) бастагӣ доранд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Юнусова Н. Гулдӯзии тоҷикӣ. М., 1979;
  • Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1988;
  • Рузиев М. Декоративно-прикладное искусство таджиков. Д., 2003.