«Гулнӯш» форсӣ: گلنوش‎ — номи тарона ва оҳанги мавсимию маросимии аҳди Сосониён, ки онро Борбад ба муносибати ҷашнвораи Наврӯз тасниф кардааст.

«Гулнӯш» аз ҷумлаи оҳангҳои сигонаи Борбади Марвазӣ буда, онро гӯё ба ифтихори боғи афсонавие, ки барои маҳбубаи Хусрави Парвиз — Ширин сохта буданд, эҷод намудааст. Назар ба ахбори муаррихону мусиқидонон Ибни Хурдодбеҳ («ал-Лавҳ ва-л-малоҳӣ»), Масъудӣ («Муруҷу-з-заҳаб…») ва дигарон «Гулнӯш» ба маҷмӯи сеюми таронаву оҳангҳои «Хусравонӣ» дохил будааст. 2) Гӯша ва пораи хурди савтию овозӣ дар дохили мақоми «Бӯсалик»-и «Дувоздаҳмақом». Муҳаммади Нишопурӣ дар «Рисола дар мусиқӣ», Мирсайид Алии Ҷурҷонӣ дар «Мақолиду-л-улум» ва Қутбуддини Шерозӣ «Гулнӯш»-ро ҳамчун гӯшаи овозӣ дар таркиби «Дувоздаҳмақом» зикр карданд, аммо дар маъхазҳои мусиқии пас аз асрҳои 12-14 ба ҳайси гӯша ё таркибе дар маҷмӯи мақомҳои «Дувоздаҳмақом» зикр наёфтааст.

Адабиёт

вироиш
  • Раҷабов А. Эҷод ва иҷрои мусиқӣ дар садаҳои IV—VII. Д., 2011;