Гулобии зард — навъи харбузаи дерпаз. Асосан дар вилояти Суғд мепарваранд.

Харбузаи байзашакл ё дарозрӯяи нӯктез аст; дарозиаш 45-56 см, вазнаш 4-5 кг. Пӯсташ суфта, сахт, зарди норанҷӣ, доғҳои зарди кушод дорад. Мағзаш сафед, ғафс (5-8 см), хуштаъму гуворо, аз 8,3 % қанд иборат аст. Тухмпаллааш хурд, тухмаш калон, дарозрӯяи нӯктез, ҷигарӣ. Даври нашваш 115—120 рӯз. Аз ҳар га 230—380 сентнер ҳосил мегиранд. Барои ба ҷойҳои дур кашондан ва дер нигоҳ доштан мувофиқ аст. Ба касалии пажмурдашавӣ тоб меорад.

Адабиёт

вироиш
  • Дастури полизкор. Д., 1987.