Гулобмағор
Гулобмағор, гулобпӯпанак — як навъ касалии занбӯруғии рустаниҳо.
Аз гулобмағор бештар тухму меваи дарахтон (себ, нок, биҳӣ ва ғ.), хосса ангур зарар мебинад. Ангезандааш мағори гулобӣ — Trichothecium roseum. Аломати асосии гулобмағор дар ҷои осебёфтаи мева падид омадани пӯсидагии бӯртоб аст. Гулобмағор метавонад бидуни нишонаҳои зоҳирӣ низ пайдо шавад. Дар чунин ҳолат мева бештар аз дарун мепӯсад ва ҳангоми буридан намудор мегардад. Ҷои солими мева бӯи мағор карда, турш мешавад. Ангезандаи гулобмағор ҳог (спора) ҳосил мекунад. Спораҳо тавассути захм ва сӯрохчаҳои пӯсти мева дохили бофтаҳо шуда, зарар мерасонанд. Гулобмағор, маъмулан, дар мавсими гармо ва сербориш авҷ мегирад. Барои пешгирии гулобмағор кишти тухмии солим, истифодаи маҳлули 0,5%-и кислотаи атсетат ё перманганати калий, бо гранозан (ба 1 кг тухм 2 г) заҳролуд кардани тухмии осебдида, интихоби ниҳолҳои солим, риояи қоидаҳои парвариши дарахтон муҳим аст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Гулобмағор // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Энциклопедия виноградарства. Кишинёв, 1986;
- Пономарёва И. Н., Корнилова О. А., Кучменко В. С. Биология: Растения. Бактерии. Грибы. М., 2001;
- Большая энциклопедия природы. М., 2005.