Гулобод (деҳа, н. Ваҳдат)

Гулобод (собиқ Байнал) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Бозорбой Бурунови ноҳияи Ваҳдат. Аз Гулобод то маркази шаҳр 4 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 2249 нафар (2017), тоҷикон.

Деҳа
Гулобод
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Ваҳдат
Ҷамоат Деҳоти Бозорбой Бурунов
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 2249 тан
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонон
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3136

Соли 1938 ташкил шудааст.

Иқтсиод

вироиш

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, беморхона, бунгоҳи тиббӣ, китобхона, хонаи фарҳанг, 2 масҷиди панҷвақта, осиёби хусусӣ, корхонаи хурди коркарди маҳсулоти ширӣ, боғчаи бачагон, неругоҳи хурди барқи обии «Нурофар», обанбори обтаъминкунӣ ва нуқтаҳои савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ, боғдорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз наҳри «Норбобо» обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулобод маркази дастгирии аҳолӣ — бонки хурди қарздиҳӣ, 40 хоҷагии деҳқонии хурди инфиродӣ ва хоҷагии деҳқонии «Саховат» мавҷуд аст.

Сарчашма

вироиш