Гулобод (деҳа, н. Ғафуров)
Гулобод — деҳа дар ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Ғафуров. Аз Гулобод то маркази ҷамоат 4 км, то маркази ноҳия 31 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1710 нафар (2017), тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Суғд |
Ноҳия | Ғафуров |
Ҷамоат | Деҳоти Исмоил |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 1710 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 3442 |
Соли 1986 таъсис ёфтааст. Дар ҳудуди кооперативи истеҳсолии ба номи Турсунбой Қушматов (собиқ сарвари хоҷагӣ, дорандаи ордени Ленин) воқеъ аст.
Иқтисод
вироишМактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, китобхона, нуқтаҳои савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, чорводорӣ, сабзавоткорӣ ва боғдорӣ. Заминҳо аз чоҳҳои амудӣ обёрӣ мешаванд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Гулобод // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2