Гулобӣ (навъи себ)
Гулобӣ — навъи себи миёнапази маҳаллӣ; селексияи мардумист.
Баргаш паҳни дарозрӯя (дарозиаш 8-9 см, бараш 5-6 см), дандонаҳояш майда. Мевааш гирда (дарозиаш 40-55 мм, бараш 40-65 мм, вазнаш 55-70 г), сабзи кушод, то нисфаш тобиши сурху гулобӣ дорад, баъзан рахшин ҳам мешавад. Пӯсташ тунук, мумпардааш маҳин, гӯшташ сахти карсосӣ, серобу ширин, бебӯй. Тухмдонаш миёнаҳаҷм, 8-18-то тухми қаҳваранг (андозааш 7,5 х 3,5 х 2,5 мм) дорад. Меваашро тар мехӯранд, мураббо мепазанд ва мехушконанд. Дарахташ зудсабзи серҳосил аст. Ниҳоли пайвандиаш баъди 3-4 соли шинондан самар меоварад. Даври нашваш 145—155 рӯз; аввали апрел (дар ноҳияи Айнӣ) гул карда, нимаи август мерасад. Дарахти 20-25-солааш (дар деҳаи Оббурдан) 250—300 кг ҳосил додааст. Гулобӣ ба сармо ва камобӣ тобовар буда, асосан дар заминҳои обӣ мерӯяд. Бештар аз ҳашароти зараррасони гулу мева зарар мебинад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Гулобӣ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Богушевский П. Н. Культурная яблоня Верхнего Зеравшана//Плодовые Среднего Таджикистана. Л., 1935.