Гулрез (ансамбли рақсӣ)

(Тағйири масир аз Гулрез (ансамбл))

«Гулрез» — ҳайати эҷодӣ, ансамбли рақсӣ, ки бо мақсади рушди ҳунари рақси миллӣ соли 2000 дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Мухтори Қароқалпоқистон Ҷамила Охунова таъсис ёфт.

Репертуари «Гулрез» асосан рақсҳои классикию мардумии тоҷикиро дар бар гирифтааст. Гоҳе ба муносибати озмун ё ҷашнвораҳо рақсҳои мардумони дигар (афғонӣ, ҳиндӣ, арабӣ, чинӣ, озарӣ, гурҷӣ, русӣ ва ғ.)-ро низ ба саҳна гузоштааст. Рақсҳои «Гулрез», «Салламно», «Танавор», «Мустазод», «Рақси мавзун», «Гулрухон», «Абдураҳмонбегӣ», «Синахурӯш» аз ҷумлаи беҳтарин намунаҳои ҳунарии «Гулрез» мебошанд. «Гулрез» бо дигар дастаҳои ҳунарӣ, аз ҷумла ансамбли «Дарё», ансамбли давлатии «Шашмақом»-и ба номи Ф. Шаҳобов, ансамбли давлатии «Фалак» ва ансамбли эстрадии «Ориё» ҳамкорӣ карда, як силсила сюитаҳои дилнишин (сюитаҳои рақсии «Мавригӣ-1», «Мавригӣ-2», «Сарахбори наво», «Уфари Уззол», «Базморо», «Атри кӯҳистон» – бо ансамбли «Шашмақом», «Савти Фалак», «Фалаки калон» – бо ансамбли «Фалак», «Нози чаман», «Як назар», «Наврӯз» – бо ансамбли «Дарё»)-ро рӯи саҳна овардааст.

«Гулрез» дар кишварҳои хориҷии дуру наздик – Русия (Маскав, Санкт-Петербург, Подолск, Твер, Сочи), Фаронса (Порис), Чин (Пекин, Шанхай), Ҳиндустон (Деҳлӣ, Бангалур), Қазоқистон (Алмаато, Остона), ҷамоҳири Осиёи Миёна муваффақона ҳунарнамоӣ карда, санъати рақси миллии тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст. Барои хидмати арзанда дар ҷодаи санъат соли 2005 сазовори Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2011 соҳиби Ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Дар озмуни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ду бор (2007, 2010) беҳтарин ансамбли сол шумурда шуд. Аз соли 2007 дар назди ансамбли «Гулрез» студияи кӯдаконаи рақсӣ (бо роҳбарии Наргис Ҳасанова) амал мекунад. Роҳбари бадеӣ ва сарбалетмейстери «Гулрез» аз соли 2005 Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон И. Раҳмонов аст.

Адабиёт

вироиш