Гулрез (деҳа, н. Тоҷикобод)
Гулрез (собиқ Қарасағир) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Қалъаилабиоби ноҳияи Тоҷикобод. Аз Гулрез то маркази ҷамоат 10 км, то маркази ноҳия 10 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 484 нафар (2017), тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | НТҶ |
Ноҳия | Тоҷикобод |
Ҷамоат | Деҳоти Қалъаилабиоб |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Номҳои пешина | Қарасағир |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 484 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3154 |
Нишонаи почта | 737450 |
Охири асри 18 бунёд ёфтааст.
Bwnbcjl
вироишМактаби таҳсилоти умумии асосӣ, нуқтаҳои савдои хусусӣ, чойхона, бунгоҳи тиббӣ, осиёб ва масҷиди панҷвақта дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, чорводорӣ, ғаллакорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз дарёи Шӯрак ва чашмаҳо обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулрез 4 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Гулрез // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2