Гулрез (деҳа, н. Ҳисор)

Гулрез (собиқ Чептураи Боло, то 29.3.2012)— деҳа дар ҷамоати деҳоти Сомони ноҳияи Ҳисор. Аз Гулрез то маркази ҷамоат 9 км, то маркази ноҳия 9 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 650 нафар (2017), тоҷикон.

Деҳа
Гулрез
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Ҳисор
Ҷамоат Деҳоти Сомон
Таърих ва ҷуғрофиё
Номҳои пешина Чептураи Боло
Аҳолӣ
Аҳолӣ 650 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3139
Нишонаи почта 735020

Иқтисод

вироиш

Деҳа масҷиди панҷвақта ва нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Мактаб надорад. Талабагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаҳои Хирманак ва Дучинора таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ, ғаллакорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз дарёи Хонақоҳ обёрӣ мешаванд.

Шахсиятҳои маъруф

вироиш

Олими соҳаи кишоварзӣ Таваккал Ҷабборов дар ҳамин деҳа таваллуд шудааст.

Сарчашма

вироиш