Гулсанг, лиша́йник (лот. Lichenes) — гурӯҳи махсуси занбӯруғҳо, ки бо обсабзҳо ҳамзистии доимӣ доранд. Ба ақидаи баъзе набототшиносон, гулсангҳо гурӯҳи мустақили рустаниҳои дараҷаи паст буда, онҳоро лихенология меомӯзад.

Гулсанг
Нигора
Омӯхта мешавад дар гулсангшиносӣ[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Навъҳо

вироиш

Гулсангҳо тақрибан 26 ҳазор гуна ва беш аз 400 ҷинс доранд. Дар Тоҷикистон 200 навъи гулсанг (махсусан аз ҷинси Paramelia, Xantboria, Acorospora, Lecidea, Phizocarpon ва ғ.) дучор меоянд. Ғайр аз ин, дар Тоҷикистон дар Бешкент гулсанги ғизоӣ (Aspicilia esculenta) мерӯяд, ки шамолҳои сахт онро ғелонда мебаранд. Вобаста ба тарзи ҳогофарӣ (ҳосил шудани спора), яъне халта ё базидияи ҳогдор, гулсангҳо ба ду синф тақсим мешаванд: халтадорон (қариб ҳамаи гулсангҳои маъмулро дар бар мегиранд) ва базидиядорон (даҳҳо навъро муттаҳид месозанд). Базидия узви афзоиши базидиомитсетҳо буда, маъмулан, аз чаҳор спораи якҳуҷайра иборат аст. Бахши ҳамешагии гулсангҳо обсабзҳои кабуду сабз, зарду сабз ё сабз мебошанд. Ҳар навъи гулсанг бо як навъи муайяни обсабз ҳамзистӣ дорад.

Сохтор

вироиш

Гулсангҳо гуногун мешаванд, мас., карахшмонанд, баргшакл ва буттагӣ. Табақа (ҷисми нашвӣ)-и гулсангҳои карахшмонанд нисбатан сода, донашакл, гардмонанд ё пӯстлохгун мебошад. Гулсангҳои баргшакл лавҳачаҳои каму беш бурришнокро мемонанд. Гулсангҳои буттагӣ хеле тараққӣ кардаанд. Онҳо шакли буттачаро дошта, танаашон риштамонанди овезон ё рост аст.

Вобаста ба сохтори анатомӣ гулсангҳо гомеомерӣ (обсабзҳо дар ҷисм нисбатан баробар тақсим шудаанд) ва гетеромерӣ (обсабзҳо фақат дар қабати болои пӯстлох ҷойгиранд) мешаванд. Табақаи гулсангҳои хуб рушдёфта аз қабатҳои пӯстлохии боло ва поин иборат аст, ки дар байни онҳо обсабзҳо ва дилак қарор доранд.

Афзоиш

вироиш

Гулсангҳо бо роҳи ҷинсӣ, ғайриҷинсӣ ва нашвӣ афзоиш мекунанд. Дар натиҷаи афзоиши ҷинсӣ спораҳои занбӯруғи гулсанг андаруни халта (гулсангҳои халтадор — Ascolichenes) ё баъзан дар базидияҳо (гулсангҳои базидиявӣ — Basidiolichenes) падид меоянд. Халтаи спорадор дар ҷисми насловари пӯшида (перитетсияҳо), ки дар қисми боло сӯрохи танги махраҷӣ дорад, инкишоф меёбад. Дар мавриди афзоиши ғайриҷинсӣ конидияҳо ва пикноспораҳо ҳосил мешаванд. Спораҳои сабзидаи занбӯруғ бо обсабзи созгори намуди худ дучор омада, якҷо табақаи нави гулсангро ба вуҷуд меоранд. Афзоиши нашвии гулсанг таҷдиди табақа қисмҳои хурди он (шикастапораҳо, тарошаҳо ва ғ.)-ро ифода мекунад; ба ин тарзи афзоиш ташкилаҳои махсус — соредия ва изидия низ мусоидат менамоянд. Обсабзҳо дар гулсанг бо усули тақсимшавӣ, обсабзҳои сабз — бо роҳи ҳосил кардани автоспораҳо афзоиш меёбанд.

Тарзи ҳаёт ва паҳншавӣ

вироиш

Гулсангҳо ба миқдори зиёд моддаҳои кимиёӣ (маводди гулсангӣ) ҳосил мекунанд. Баъзе аз онҳо қабати пӯстлохии табақаро рангин карда, обсабзро аз таъсири сахти офтоб ҳифз менамоянд; моддаҳои дигар дар девораи гифҳои ҳавоӣ гирд омада, дар об тар намешаванд, варам намекунанд. Онҳо бо ҳамин роҳ барои бо ҳаво таъмин гаштани обсабзҳо мусоидат менамоянд. Бисёр моддаҳои гулсанг ҷинси кӯҳиро тағйир дода, барои дар он устувор гаштани табақа шароити мусоид фароҳам меоранд.

Вобаста ба тарзи истифодаи об гулсангҳо мансуби рустаниҳои пойкилоҳидрӣ мебошанд. Онҳо барои ҷабидану хориҷ кардани об узви махсус надоранд ва раванди мазкурро аз нигоҳи физиологӣ назорат карда наметавонанд. Об дар тамоми сатҳи табақа ҷабида шуда дар фазои мӯйшакли байни гифу ҳуҷайраи обсабзҳо, инчунин дар ҷилди варамидаи баъзе гифҳо ҷамъ мешавад. Дар гулсангҳои мухотӣ қисми бештари об дар мухот (луоб) гирд меояд. Афзалияти экологии гулсангҳо нисбат ба дигар рустаниҳо дар он аст, ки онҳо бухори обро на фақат аз нами зиёд, балки аз намии ками атмосфера низ меҷабанд. Дар ин маврид ҳамроҳ бо об маводди ғизоии органикию ғайриорганикии дар он ҳалгашта низ фурӯ бурда мешавад. Занбӯруғ қисми бештари карбогидратҳоро аз обсабзҳо мегирад. Гулсангҳо нисбат ба дигар рустаниҳо ба беобӣ муддати мадид тоб меоранд. Қобилияти фотосинтезии обсабзҳо дар гулсанг ба миқдори оби табақа вобаста аст; дар сурати хушкидани гулсанг раванди фотосинтез суст ё умуман қатъ мешавад. Дар аксари мавридҳо сабаби суст рушд ёфтани гулсанг кӯтоҳ будани давраи фотосинтез аст. Маъмулан, гулсангҳои карахшӣ нисбат ба гулсангҳои баргшакл сусттар, аммо гулсангҳои бутташакл тезтар рушд меёбанд. Ҳадди ақалли сабзиши гулсанг дар як сол 0,01 мм, ҳадди аксари он тақр. 100 мм аст. Гулсангҳо ба гармову сармо тоб меоранд. Онҳо дар ҷои равшан ва дар субстратҳои гуногун — дарахт, ҷинсҳои кӯҳӣ, хок, барги дарахтони ҳамешасабз, инчунин дар чарм, устухон, коғаз, шиша, оҳан ва ғ., ки муддати зиёд дар як ҷой истодаанд, нашъунамо меёбанд. Гулсангҳо аз таъсири ҳавои чиркин, мас., дуд ва гази сулфит зарар мебинанд. Гулсангҳоро метавон дар ҳамаи қитъаҳо то сарҳадди ниҳоии паҳншавии наботот дучор омад. Дар мавзеъҳои тропикию субтропикӣ навъҳои сершумори гулсангҳо ме­рӯянд; дар тундра ва баландкӯҳҳо гулсангҳо фаровон, дар биё­бонҳо хе­ле кам мебошанд.

Робитаи тарафайни занбӯруғу обсабз

вироиш

Оид ба ало­қаи занбӯруғу обсабзҳо дар гулсанг солиёни дароз ақидаи ға­лат ву­ҷуд дошт. Мувофиқи он гӯё обсабзҳо занбӯруғро бо маводди ор­га­никӣ (карбогидратҳо) ва занбӯруғҳо обсабзро бо обу на­макҳои минералӣ таъмин мекарда бошанд. Вале дар асл чунин робитаи дутарафаи байни зан­бӯруғу обсабз дар гулсанг фақат ба хотири ангалзистӣ (паразитизм), хосса аз ҷониби зан­бӯ­руғ аст. Гифҳое, ки наздик ба ҳу­ҷай­раи об­сабз­ҳо ба та­ба­қаи гулсанг мегузаранд, узв­ҳои гуно­гуни ҷаббиш (гаус­торияҳо, им­прес­сорияҳо, апрос­сория­ҳо ва ғ.) -ро ба ву­ҷуд меоранд. Гиф­ҳо фақат як қисми андаки ҳуҷайраи обсабзро фаро гирифта, моддаҳои ғизоии онро истифода мебаранд. Дар на­ти­ҷа ҳуҷайра батадриҷ маҳв мешавад. Дар баробари ин, бинобар ҳамзистии ус­ту­вор, занбӯруғ аз ҳуҷайраҳои фавтидаи об­сабз низ истифода мекунад (зан­бӯ­руғ дар ин дав­ра сапрофит аст).

Аҳаммият

вироиш

Гулсангҳо хӯроки асосии чорво, аз ҷумла га­вазн­ҳо, мебошанд. Бисёр гулсангҳо хосияти давоӣ низ доранд. Тақр. 2000 сол то м. дар Миср гулсангро ҳамчун воситаи та­бо­батӣ истифода мекарданд. Абуалии Сино дар китоби «Қо­ну­ни тиб» як навъи гулсанг (Usnea articulama)-ро чун даво ном бурдааст. Бино ба ақидаи табибони мар­ду­мӣ, гулсанг хосияти поксозӣ дорад. Агар онро ос (нарм) карда гузошта банданд, ҳа­маи навъҳои шу­куфаи пӯстро шифо мебахшад, хуни равонро банд мекунад, тафси узвҳоро таскин медиҳад, варамҳои гарм­ро даво мебахшад ва агар бипошанд, варами забонро мегардонад. Навъи сурхи гулсангро дар об ҷӯшонида, он обро соф карда би­нӯ­шанд, дарди зонуро бартараф месозад. Аз гулсанг барои муо­лиҷаи бемории сил, пу­чаксорӣ, амрози рӯда ва саръ дору тайёр мекунанд. Аз гулсанг зиёда аз 250 навъи кис­ло­таҳои гул­сангӣ, ки хосияти мик­робнесткунӣ доранд, ҳосил мешавад. Кислотаи уснин барои пешгирии касалиҳои помидор, кис­ло­та­ҳои улпинат, физоидат ва симетсинат барои маҳв намудани зан­бӯ­руғ­ҳои зараровари да­рахтон, маҳ­лули кислотаи лекаронат, посоромат ва уснинат барои бартараф намудани иллати тамоку истифода мегарданд. Гулсангҳоро дар атриёт низ ба кор мебаранд. Дар Шотландия ва Скандинавия гулсангҳои ҷинси Evernia рarmelia-ро барои ранг кардани пашму матоъ истифода мебаранд. Гулсанг беҳ­та­рин муайянкунандаи олудагии му­ҳит ҳисоб мешавад. Дар асоси гулсанг лихенометрия ривоҷ меёбад, ки бо ёрии он дар на­ти­ҷаи чен намудани қутри гулсангҳо боз­ёфтҳои ҳаф­риётии синнашон номаълум, зилзи­ла­ҳои пешина ва ғ. да­қиқ мегарданд. Чандин гулсангҳо, ки дар танаву шохаи дарахтон месабзанд, ба хоҷаги­ҳои ҷангалдорӣ зарар мерасонанд.

Адабиёт

вироиш