Гулӯгоҳ
(Тағйири масир аз Гулугоҳ)
Гулӯгоҳ — гузаргоҳи нисбатан борики об байни ду қитъаи хушкӣ, ки уқёнусу баҳр, кӯл ё қисмҳои онҳоро ба ҳам мепайвандад.
Масалан, гулӯгоҳи Беринг уқёнуси Яхбастаи Шимолиро бо уқёнуси Ором, гулӯгоҳи Бобулмандаб баҳри Сурхро бо уқёнуси Ҳинд пайваст мекунанд. Гулӯгоҳи аз ҳама дароз — Мозамбик буда, дарозиаш тақр. 1760 км ва гулӯгоҳи аз ҳама сербару амиқ — Дрейк, ки бараш 950 км, умқаш 5840 м мебошанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Гулӯгоҳ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.