Гулчеҳра Содиқова (зод. 31 октябри 1941, деҳаи Ёл, ноҳияи Шӯрообод) — овозхон ва фалаксарои тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1990), Ҳофизи халқии Тоҷикистон (2012)[1], барандаи Ҷоизаи давлатии Рӯдакӣ (2008).

Гулчеҳра Содиқ
Гулчеҳра Содиқова
Таърихи таваллуд 31 октябр 1941(1941-10-31) (82 сол)
Зодгоҳ деҳаи Ёл, ноҳияи Шӯрообод
Кишвар  Тоҷикистон
Соз фалак
Ҷоизаҳо Ҳофизи халқии Тоҷикистон (2012)

Зиндагинома

вироиш

Аз ягон мактаби махсуси ҳунарӣ нагузаштааст, тариқи худомӯзӣ нозукиҳои сарояндагиро аз худ намуда, дар дуторнавозӣ ва фалаксароӣ тавфиқ ёфтааст. Солҳои 1967—1997 сарояндаи Театри мусиқӣ-мазҳакаи ш. Кӯлоб буд. Лаҳни хоси овозхонӣ дорад, содда, равон ва оммаписанд мехонад, ҳаққонияти роҳу равиш ва шеваи хонишашро собит сохтааст. «Фалаки Кӯлоб», «Фалаки даштӣ», «Андешаи дурӣ», «Чархи фалак», «Фарёди дил», «Зулфи мушкинат», «Навои ишқ», «Ба ҳоли хештан гирям», «Гӯл кун забонамро», «Маҳҷур медорӣ», «Ширинтар аст», «Куртачакан», «Дили дарднок», «Нафаси гарм», «Қасам хӯрдему рафтем», «Ёрам чу қадаҳ ба даст гирад», «Магар ҳеҷ», «Тоҷикистонам», «Насиҳати падар» муште аз хирвори сурудҳояш аст, ки ба дили ҳазорон роҳ ёфтаанд. Ба Эрон, Ҳиндустон, Олмон, Голландия, Фаронса, Швейтсария, Русия ва дигар кишварҳо сафари ҳунарӣ анҷом додааст.

Хонавода

вироиш

Ҳамсари ӯ Орзу Достиев ғижжакнавоз буд, аммо пас аз 25 соли зиндагӣии якҷоя вафот мекунад[2]. Гулчеҳра Содиқ 5 писару як духтар дорад ва ҳама писарон касби волидонашонро пеша кардаанд.

Унвону ҷоизаҳо

вироиш

Бо ордени «Дӯстии халқҳо», медали «Барои меҳнати шуҷоатнок», ифтихорномаҳо қадр шудааст.

  1. Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ. www.president.tj. Президенти Тоҷикистон (6 сентябри 2012). 17 Январ 2024 санҷида шуд.
  2. Гулчеҳра Содиқова: “Ба ҳама кишварҳо накҳати тоҷиконаро бо худ мебарам”. YOUR (24 июни 2023). 14 сентябри 2023 санҷида шуд.

Адабиёт

вироиш
  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.