Гулчин (форсӣ: گاچسن‎) — маҷмӯъаи беҳтарин ва некутарин ашъори як ё чанд шоирро гӯянд.

Дар гулчин, маъмулан, намунаҳои баргузидаи ашъори адибон гирд оварда мешаванд. Гулчинро муаллиф ё мураттиб метавонад аз рӯи мавзӯъ ё мувофиқи табъу завқаш мураттаб созад. Ба монанди мавзӯъҳои Ватан, сулҳ, дӯстӣ, ваҳдат, модар, васфи баҳор, Наврӯз, тараннуми ишқ ва ғ. Дар гулчини ин ё он адиби алоҳида метавон мавзӯъҳои гуногунро ҷой дод. Аз ин ҷиҳат он ба баёз умумият дорад. Маҷмӯаҳои ашъори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ «Шеърҳо» (2006, мураттиб Р. Ҳодизода), А. Лоҳутӣ «Шӯъла ва шамшер» (1974), М. Турсунзода «Асри ман» (1974), Ф. Ансорӣ «Офтоби баҳор» (2006) гулчини эҷодиёти онҳост, ки мавзӯъҳояшон гуногунанд. «Баёзи ваҳдат» (2007, мураттиб А. Бобоҷон) аз гулчини офаридаҳои дар мавзӯи сулҳу ваҳдат ва дӯстӣ бахшидаи суханварони гузаштаи форс-тоҷик ва эҷодиёти адибони муосири тоҷик фароҳам омадааст. «Занҷири гусаста» (1968, мураттибон М. Қаноат ва У. Раҷаб) гулчини назму насри адибони муосири Осиё ва Африко дар тарҷумаи адибони тоҷик аст. Мунтахаботи ашъори шоирон низ ба гулчин шабоҳат доранд. Осори мансурро низ метавон ба ҳайси гулчин таҳия намуд. Дар адабиёти муосири тоҷик «Осори баргузида»-и С. Айнӣ дар ду ҷилд (солҳои 1977-78) намунаи гулчини мансур аст.

Адабиёт

вироиш