Гулшани Деҳлавӣ
Гулшани Деҳлавӣ (форсӣ: گلثن دهلوی; асри 18) — шоираи форсизабони Ҳиндустон.
Зиндагинома
вироишДар Деҳлӣ зиндагӣ ва эҷод мекард. Шогирди Мир Муҳаммадтақӣ Хаёли Аҳмадободӣ (фавт 1758). Намунаҳо аз ашъораш дар тазкираҳои «Ҳадиқаи ишрат», «Занони суханвар», «Нигористони сухан», «Парданишинони сухангӯй» ва ғайра сабт гардидаанд. Ин байт аз ӯст:
Ба хаёли қади раънои ту, ай ғайрати гул,
Сарв оҳест, ки аз синаи Гулшан бархост!
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Гулшани Деҳлавӣ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.