Гулшани адаб
«Гулшани адаб» (форсӣ: گلشن ادب) — тазкираи ашъори суханварони форс-тоҷик иборат аз панҷ ҷилд, ки шуъбаи матншиносии Институти шарқшиносии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳоло ИЗАШМХ-и АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ) солҳои 1975-80 таҳия кардааст.
Дар тазкира аз осори 114 шоири форсигӯй намунаҳо фароҳам омадаанд. Ҷилди 1-и китоб зиндагиномаи фишурдаву гулчине аз осори 41 нафар шоири бузурги асрҳои 9-13 (аз Рӯдакӣ то Низомии Ганҷавӣ), ҷилди 2 зиндагиномаву баргузидаи ашъори 31 нафар адиби номовари асарҳои 13-14 (аз Аттори Нишопурӣ то Ҳофизи Шерозӣ)-ро дар бар гирифтааст. Дар ҷ. 3-и «Гулшани адаб» фишурдаи рӯзгору мунтахаби ашъори адибони машҳури асрҳои 14-15 гирдоварӣ шудааст (аз Камоли Хуҷандӣ то Мактабии Шерозӣ). Ҷилди 4 намунаҳое аз ашъори адибони асрҳои 16-18 (аз Камолуддини Биноӣ то Кироми Бухороӣ) ва ҷилди 5 мунтахабе аз ашъори адибони асри 19 ва аввали асри 20 (аз Қонеъ то Садриддини Айнӣ)-ро бо фишурдаи шарҳи ҳоли онҳо дар бар мегирад. Дар «Гулшани адаб» ба ҳамон адибоне таваҷҷуҳ ва аз ҳамон осоре гулчин шудааст, ки тамоюли инсонгароиву инсондӯстӣ дошта, ин намунаҳо дар камоли балоғату фасоҳати шеърианд, ба мисли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Умари Хайём, Анварӣ, Низомӣ, Саъдӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Бедил, Аҳмади Дониш, ки устоди сухану соҳибмактаб мебошанд ва ё ҳамчун Дақиқӣ, Хоқонӣ, Биноӣ, Ҳилолӣ, Саййидо, Шоҳин ва монади инҳо, ки дар навъҳои гуногуни адабӣ асарҳои барҷаста офаридаанд. Дар «Гулшани адаб» аз адибоне низ намунаҳо оварда шудааст, ки бо заҳматҳои шоёни эҷодӣ дар адабиёти форсӣ ному мақоми баланде доранд, ба монанди Асадии Тӯсӣ, Соиб, Салмони Соваҷӣ, Убайди Зоконӣ, Сайфии Бухороӣ, Абдулқодирхоҷаи Савдо, Нақибхони Туғрал ва дигарон. Дар ин китоб ҳамчунин аз як идда шоираҳои форсигӯй — Робиаи Балхӣ, Меҳрии Ҳиротӣ ва Зебуннисо намунаи ашъор (бо зиндагиномаи мухтасар) оварда шудааст. Дар «Гулшани адаб» аз тамоми анвои шеъри форсӣ, бинобар таърихи пайдоишу мақомашон дар давру замонҳои гуногун, намунаҳо оварда шудааст. «Гулшани адаб» дар заминаи маъхазҳои муътамад ва осори то замони мо маҳфузмондаи адибон ва бештар бар пояи нусхаҳои қаламии шоирон таҳия шудааст. Дигар вижагии «Гулшани адаб» он аст, ки дар он баробари зикри осори суханварон, ҳамчунин мазмуну мундариҷаи достону маснавиҳои калонҳаҷм нақл ва манбаъҳои истифодашуда таъкид шудаанд. Ҳамчунин дар фуроварди ҳар ҷилд луғатномае дар шарҳи калимаву таркибҳои нодиру барои хонанда душворфаҳм оварда шудааст. «Гулшани адаб»-ро донишмандон А. Афсаҳзод (роҳбари гурӯҳ), Б. Сирус, К. Айнӣ, Ҷ. Додалишоев, А. Девонақулов, Л. Сулаймонова, Ш. Нуриддинов, Алии Муҳаммадӣ ва дигарон мураттаб кардаанд. Ҳар ҷилди он зери назорати ҳайати таҳририя (М. Турсунзода, М. Осимӣ, А. Мирзоев, А. Афсаҳзод ва Д. Ашӯров) бо теъдоди 25 ҳазор нусха ба табъ расидааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Гулшани адаб / А. Афсаҳзод // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.