Унсури Викидода мавҷуд нест

«Гулшану-л-мулук» (ар. گلشن‌الملوک‎) — асари таърихии Муҳаммадяъқуби Бухороӣ, ки дар он воқеаҳои таърихӣ аз замони пайғамбар Муҳаммад (с) то солҳои аввали ҳукмронии амир Насруллоҳ (1826-60) ба қалам омадааст.

Муаллиф ба навиштани асараш солҳои 1824-28 шурӯъ намуда, тақр. дар солҳои 1830-31 онро ба охир расонидааст. Гарчи дар «Гулшану-л-мулук» дар бораи воқеаҳои асрҳои мухталиф маълумот оварда шудааст, вале ба шарҳи давраи ҳукмронии сулолаҳои Аштархониён ва Манғития бештар диққат дода шудааст. Ҳамчунин «Гулшану-л-мулук» дар бораи омӯзиши таърихи Шаҳрисабз, муносибати ҳокимони он бо амирони Бухоро ва таҳқиқи таърихи асрҳои 17-18 Осиёи Миёна (то соли 1830) манбаи муҳим мебошад. Дастхатҳои «Гулшану-л-мулук» дар китобхонаҳои Маскав, Тошканд ва Душанбе маҳфузанд.

Адабиёт

вироиш