Гулшан (шаҳрак, н. Ашт)

(Тағйири масир аз Гулшан (деҳа, н. Ашт))

Гулшан — шаҳрак дар ҷамоати деҳоти Шодобаи ноҳияи Ашт. Аз Гулшан то маркази ҷамоат 8 км, маркази ноҳия 11 км. Аҳолиаш 8682 нафар (2014), тоҷикон.

Шаҳрак
Гулшан
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Суғд
Ноҳия Ашт
Ҷамоат Деҳоти Шодоба
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 6825 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3453

Иқтисод

вироиш

Шаҳраки Гулшан ҶММ «Мӯъмин-Инвест-Коттон» (з-дҳои истеҳсоли равған ва коркарди пахта), чойхонаи миллии «Нурулло Ҳувайдуллоев», 2 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсейи касбӣ-техникӣ, дорухона, маркази саломатӣ, бунгоҳи тиббӣ, китобхона, қасри фарҳанг, нуқтаҳои хидмати маишӣ, боғчаи бачагон, 12 нуқтаи савдои хусусӣ, 5 мағоза (фурӯшгоҳ)-и ҷамъияти матлуботи ноҳия, 2 ошхона ва чойхона, 2 масҷиди панҷвақта (Салмони Форс ва Нури Ислом) дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, сабзавоткорӣ ва боғдорӣ. Заминҳо тавассути чоҳҳои амудӣ обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулшан 110 хоҷагии хурди деҳқонии пахтакорӣ ва 127 хоҷагии хурди деҳқонии боғдорӣ мавҷуд аст. Г. соли 1983 бунёд шуда, як қисми аҳолиаш аз деҳаи Боштол ва деҳаҳои дигари ноҳия ба ин ҷо кӯчидаанд.

Мардум

вироиш
Сол 2010[1] 2020
Аҳолӣ 5691 7592
  1. Wayback Machine. web.archive.org (11 октябри 2017). 23 Декабри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 октябри 2017.

Адабиёт

вироиш