Гул чи ранг? (бозӣ)

Як навъ бозии анъанавии бачагон, ки одатан дар фасли тирамоҳ барпо мешавад. Бачаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуда, каме дуртар аз ҳамдигар дар замин менишинанд. Ҳар гурӯҳ сардори худро дорад. Сардорҳо берун аз гурӯҳ номи ягон гулро муаммо қарор медиҳанд. Сипас яке аз сардорҳо ба назди гурӯҳаш омада чӣ гул будани онро мепурсад. Бачаҳо кӯшиш мекунанд, ки номи гулро пайдо кунанд. Агар онро ёфта натавонистанд, он гоҳ навбат ба гурӯҳи дигар мегузарад. Дар Рашт, Дарвоз нимфаъол аст.[1]

Адабиёт

вироиш

1. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷ.1. Д., 2015. 2. Нурджанов Н. Игры // Таджики Каратегина и Дарваза. Вып.3, Д., 1976;

Нигаред низ

вироиш
  1. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 178