Гунбаз (деҳа, н. Ғафуров)

(Тағйири масир аз Гумбаз (деҳа, н. Ғафуров))

Гунбаз — деҳа дар ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Ғафуров. Аз Гумбаз то маркази ҷамоат 3 км, то маркази ноҳия 12 км; роҳ — асфалтпӯш. Аҳолиаш 994 нафар (2013), тоҷикон.

Деҳа
Гунбаз
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Суғд
Ноҳия Ғафуров
Ҷамоат Деҳоти Ғозиён
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 939 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3442

Иқтисод

вироиш

Нуқтаи хидмати маишӣ, 2 нуқтаи савдои хусусӣ ва чойхона дорад. Деҳа мактаб надорад. Талабагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Чорсӯ таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, чорводорӣ ва пахтакорӣ. Заминҳо аз наҳри Хоҷабоқирғон ва чоҳҳои амудӣ обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гунбаз хоҷагии деҳқонии «Гунбаз» мавҷуд аст.

Адабиёт

вироиш