Гумонбаршуда
Гумонбаршуда, мазнун — дар ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ, шахсест, ки нисбати ӯ бо асос ва тартиби муқаррарнамудаи қонун бо сабаби гумонбар шуданаш дар содир намудани ҷиноят парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар ин бора аз тарафи муфаттиш ё таҳқиқкунанда хабардор карда шудааст ё дастгир шудааст ва ё дар ҳаққаш то пешниҳод кардани айб чораи пешгирӣ татбиқ гаштааст.
гумонбаршуда бояд аз лаҳзаи дастгир шуданаш фавран, вале на дертар аз 24 соат пурсида шавад. гумонбаршуда аз лаҳзаи дастгир шуданаш ҳуқуқ ба ҳимоя дорад. гумонбаршуда ҳамчунин ҳуқуқ дорад: а) нишондод диҳад ё надиҳад ва дар ин бора пеш аз пурсиш хабардор карда шавад; б) донад, ки барои чӣ гумонбар шудааст; в) нусхаи протоколи дастгиршавӣ ё қарорро оид ба татбиқи чораи пешгирӣ гирад; г) бо забони модарӣ ё забони дигаре, ки медонад, нишондод диҳад; д) аз хидмати тарҷумон ройгон истифода барад; е) далелҳо пешниҳод кунад; ё) дархост изҳор кунад; ж) бо протоколҳои амали тафтишотӣ, ки бо иштирокаш анҷом дода шудааст, ҳамчунин бо маводде, ки ба суд барои татбиқи ҳабс нисбаташ чун чораи пешгирӣ равон карда шудааст, шинос шавад; з) раддия изҳор намояд; к) аз амалу қарори суд, прокурор, муфаттиш ва шахси таҳқиқкунанда шикоят намояд.
Шахсро дар содир намудани ҷиноят ба шарте гумонбаршуда шумурдан мумкин аст, ки аз тарафи мақомоти пешбурди таъқиби ҷиноятӣ ҳангоми мавҷуд будани яке аз асосҳои зерин дастгир шуда бошад: а) дар вақти содир кардани ҷиноят ё бевосита баъди содир кардани он; б) шоҳидони ҳодиса, аз ҷумла, шахси аз ҷиноят ҷабрдида бевосита ӯро ҳамчун шахси содирнамудаи ҷиноят нишон диҳанд; в) дар бадан, либос, ашёи ҳамроҳи шахс буда, дар чизҳои истифодакарда, манзил, ҷои кор ё нақлиёти ӯ осори ҷиноят ошкор шуда бошанд, ки аз иштироки ӯ дар содир намудани ҷиноят шаҳодат медиҳанд; г) агар асосҳои дигари кофии гумонбар шудани шахс дар содир намудани ҷиноят мавҷуд бошанд ва ӯ кӯшиши аз ҷои ҳодиса ё аз мақомоти таъқиби ҷиноятӣ пинҳон шуданро карда бошад, ҷои зисти доимӣ надошта бошад, дар маҳалли дигар зиндагӣ кунад ва ё шахсияташ муайян нашуда бошад. Пас аз овардани гумонбаршуда ба мақомоти дахлдор шахси ваколатдор бояд дар давоми се соат протокол тартиб дода, дар он асос, ҷой ва вақти дастгиркунии воқеӣ (бо зикри рӯз, соату дақиқа), натиҷаҳои кофтукови шахсӣ ва вақти тартиб додани протоколро дарҷ намояд. Протокол ба гумонбаршуда эълон ва ҳуқуқи дар қонуни мурофиавӣ пешбинишудаи ӯ, аз ҷумла, ҳуқуқи даъват кардани ҳимоятгар ва дар ҳузури ӯ додани нишондод, фаҳмонида шуда, ин ҳолат бояд дар протокол сабт гардад. Протоколро шахси ваколатдори тартибдода ва гумонбаршуда имзо мекунанд. Таҳқиқбаранда ё муфаттиш вазифадоранд дар давоми 24 соат аз лаҳзаи дастгир кардани гумонбаршуда ба прокурор хаттӣ хабар диҳанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Гумонбаршуда / Д. Абдуллоев // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.