Гумрук (маҷалла)
[[Гурӯҳ:Маҷаллаҳои [[Гурӯҳ:{{{тип издания множественный}}} ба {{{забон}}}]]]]
«Гумрук» — маҷаллаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз соли 2008 ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешавад. «Гумрук» дар мавзӯи асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкили фаъолияти гумрукӣ, ҳимояи амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъол гардонидани муносибатҳои иқтисодии байни ҷумҳурӣ ва кишварҳои дигар, таъмини ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон, субъектҳои хоҷагидорӣ ва ғайра мавод ба табъ мерасонад. Дар «Гумрук» инчунин қонуну қарор, фармону дастур ва навигариҳои соҳаи гумрук дарҷ мегарданд. Адади нашраш 1000 нусха (2015). Сармуҳаррираш Ҳумайро Мирова.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Гумрук / М. Ҳомидҷонова // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.