Гунаҳкории объективӣ
Гунаҳкории объективӣ — зарари бегуноҳона расонидашуда, ки барои он шахс ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешавад.
Танҳо шахсе дар содир кардани ҷиноят гунаҳкор эътироф карда мешавад, ки ин кирдорро қасдан ё аз беэҳтиётӣ содир карда бошад (Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 7, қисми 3; моддаи 27, қисми 1). Кирдор бегуноҳона содиршуда эътироф мегардад, агар шахси содирнамудаи он ба ҷамъият хавфнок будани ҳаракат (беҳаракатӣ)-и худро дарк накарда бошад, намебоист ё наметавонист онро дарк кунад ё имкони фаро расидани оқибатҳои барои ҷамъият хавфнокро пешбинӣ накарда бошад ва вобаста ба ҳолати кор намебоист ва наметавонист онро пешбинӣ намояд (Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 31, қисми 1). Кирдоре, ки бегуноҳона содир шудааст, новобаста ба оқибатҳои он ҷиноят эътироф намегардад. Дар қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо асли гунаҳкории субъективӣ амал мекунад (Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 7, қисми 2).
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Гунаҳкории объективӣ / Т. Шарипов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 1998;
- Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ. Д., 2012.