Гунобод (порсӣ: گناباد ) — шаҳрест дар устони Хуросони разавӣ, Эрон аст. Шумори аҳолии ин шаҳр дар саршумории соли 1996, 30,149 тан будааст ва дар соли 2006, 45,470 тан баровард мешавад.Бино ба ахбори марбута ин шаҳр дорои чахор Канот будааст (канот- ба маънии обгузар, ё кахриз); каноти Касаба, каноти Дах, каноти Алиобод ва каноти Хасанобод. Шояд ба ҳамин хотир онро Чуйманд номидаанд,яъне сохиби чуйхо.

Маҳалли аҳолинишин
Гунобод
Кишвар  [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё
Баландии марказ 1 095 м
Аҳолӣ
Аҳолӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Оиди Гунобод

вироиш

Гунобод маркази шаҳристони Гунобод вокеъ дар устони Хуросони Разави аст. Шаҳрисотни Гунобод бо масоҳати худуди 5902 килумтри мурабаъ дар 260 килумтрии Машхад қарор дорад.Бумиёни ин шаҳр онро Чуйманд низ меноманд. Агар аз диди таърих нигоҳ кунем, мебинем ки борхо дар Шохномаи Фирдавси шоири хамосасарои Ирон аз Гунобод ё Чунобод ёд карда ва ин маконро махали чангҳои Турон ва Ирон донистаанд. Бино ба гуфти Шохнома ангор вазири Афросиёб дар Гунобод ба хок супурда шудааст ва мадфани ӯ хам акнун дар Гунобод аст.

Бузургтарин қаноти ҷаҳон

вироиш

Кобили зикр аст,ки бузургтарин қаноти ҷаҳон дар Гунобод қарор дорад. Ин қанот аз давраи Ҳахоманшиён то кунун омили ҳаёт ва тавлид дар шаҳри кавири Гунобод будааст. Ин қанот дар Созмони ЮНЕСКО сабт шудааст. Бояд арз шавад,ки сарзабзию шодобии руху пайкари Гунобод аз оби ҷонбахши ҳамин қанотҳост.

Хуб, Қанот ё кориз, ё обгузар, ё обканд ба роҳе ки дар зери замин канда мешавад то об аз он ҷараён ёбад, мегуянд. Қанот каналест, ки аз дербоз барои мудирияти об дар замин месохтанд. Риштаи чоҳест, ки дар «чоҳи модар» сарчашма мегирад ва мумкин аст ҳазорҳо метр тул бианҷомад ки саранҷом оби ин каналҳо барои кишту кор ба сатҳи замин мерасанд.

Бояд арз шавад,ки тулонитарин қаноти ҷаҳон ва амиқтарин «чоҳи модар» дар шаҳристони Гунобод қарор дорад ки таърихи кандани он ба давраи Ҳахоманшиён ва ё қабл аз он мерасад. Ирониёни бостон дар чандин ҳазор сол қабл даст ба ин ибтикори ҷадид зада ва онро кориз ё кахриз ном ниходанд.Бо ин ихтироъ ки дар навъи худ дар ҷаҳон то кунун беназир будааст, метавон микдори кобили таваҷҷухе аз обҳои зеризаминиро чамъовари кард ва ба сатҳи замин расонд,ки хамонанди чашмаҳои табии оби он дар тамоми тули сол бидуни хеч кумаке аз беруни замин ба сатҳи он чори гардад.Канот ки тавассути муканиёни ирони ихтироъ шуда ҳазорон сол собика дорад.

Бо вучуди ин ки чандин сол аз ихтирои он мегузарад, бо ин вучуд ҳанӯз хам ин равиши истифода аз об дар қисмати муҳиме аз рустохо ва манотики маскуни ва кишоварзи ва домдории кишвар маъмул аст ва хатто яке аз аркони аслии кишт дар навохии хушк аст. Ин ихтироъ ки имруза шуҳрати ҷаҳони пайдо карда баъдхо аз Ирон ба бисёре аз кишварҳои ҷаҳон интикол ёфта ва мавриди истифодаи мардум дар дигар нукоти дунё қарор гирифтааст. Ин канотхо намоди айнии хамосаи зиндагии мардуми Гунобод аст. Каноти Касаба яке аз падидаҳои шигифтангези тамаддуни башари аст,ки ба далели азамат аз суе чанбаи устураеро ба худ гирифта ва аз суи дигар таваҷҷухи бисёре аз муаррихон ва пажухишгаронро ба худ ҷалб карда аст.Каноти касаба аз хафт канали ба хам пайваста шакл гирифта ва дар мачмуъ беш аз 33 ҳазор метр тул дорад, теъдоди чохҳоиу канот худудан ба 470 халқа ва бар асоси баррасиҳои ба амаломада умки модарчохи (чохи асли) он байни 280 то 300 метр тахмин зада шудааст.Бунёди канот ба давраи Хахоманиши бар мегардад. Бино ба иттилои ба даст омада дар холи ҳозир беш аз 60% масири каналхо масдуд аст ва танҳо канали аслии канот ки ба Касаба шуҳрат дорад, 150 литр дар сония обдихи дорад.

Тулонитарин обгузаре ки то кунун дар Ирон хафр ё канда шуда 70 килумтр тули он аст ва амиктарин чохи модари обкандҳои Ирон ба ривояте 400 метр ва ба ривояти дигар 350 метр умк дорад ва он марбут ба коризи «Касаба»-и Гунобод аст. муҳимтарин омиле,ки тули обгузарро мушахас мекунад,шеби замин мебошад харчи шеби замин камтар бошад тули канот бештар ва харчи шеб бештар бошад тули кориз камтар хоҳад шуд.Дар ин сафар бароям ҳамчуин насиб гашт то аз Масчиди Чомеъи Гунобод дидан намоям. Масчиди Чомеъи Гунобод аз биноҳои арзишманди давраи Хоразмшохиён дар Хуросон аст, ки дар куи шарқи (Касаба)-ин шаҳр вокеъ аст. Ин масчид бо нақшаи ду айвони шомили саҳн бо миёнсаро, айвонҳои шимоли ва чануби, равок ва се шабистони сутундор мебошад.Омадан ва нишастан дар ин масчид касро ба дуриҳои дур мекашад.Пас шумо хонандагони арчманд агар ба Ирон омадед аз ин масчид хатман дидан фармоед. Пас аз нисфирузии як рузи хуршеди хамрохи дустам ва рохбаладам чаноби Аюби ба Мадрасаи «Нучумия» рафтам. Бинои ин мадраса дар куи шарқии шаҳри Гунобод дар вурудии масчиди ин шаҳр вокеъ аст. Ин мадраса аз ёдгориҳои меъмории исломи дар давраи Сафавия аст, ки нишондихандаи арчу мақом ва илму дониш дар ин шаҳр дар замони худ аст, ки ба далели тадриси илми нучум ва афлок дар ин макон ба мадрасаи нучумия низ машҳур аст.Онро ҳамчунин Мадрасаи илмия низ мехонанд.

Дар фосилаи на чандон дур ва дар наздикии Мадрасаи илмия Расадхонаи бостоншиноси қарор дорад,ки аз ончо низ дидан намуде Музеи Гунобод вокеъ дар куи шарқи дар махали масчиди чомеъ вокеъ гардида аст.Аз вижагии ин расадхона мавчуд будани мехроби тоърихии дигаре хаст,ки таи ковиш ва пайгириҳои бостоншиноси ба намоиш гузошта шудааст.Дар ин расадхона метавон ашёҳои бостонии мардуми гунобод, зуруфу ашёҳои бостони, сикаҳои бостони, катибаҳои очарии мадрасаи нучумия ва чандин асари муҳими дигарро дид.

Санъати сафолгарӣ дар Гунобод

вироиш
Дар коргаҳи кузагаре рафтам душ,
Дидам ду ҳазор куза гуёву хамуш.
Ногоҳ яке куза баровард хуруш,
Ку кузагару кузахару кузафуруш.

Инҷо боз мехоҳам таваҷҷуҳи шумо хонандагони азизро ба санъати сафолгарӣ дар Гунобод ҷалб кунам.

Вақте вориди коргоҳи сафолгари шудем, чарх мечархид ва дастони ҳунарманди сафолгаре ба қавли маъруф хокро ба ҳунар кимиё мекард. Ин сафолгари моҳири гунободиро ном Тавассули буд, ки дар Гунобод уро шуҳрат ба тамом аст. Мавсуф 30 сол аст, ки бо дастони нақшбандаш ризқу рузии хонаводаашро дар миёни хоку обу рангу нақш ба даст меоварад ва имруз ин хоку обу ранг хамдами уянду бо ӯ ишқ меварзанд.У ошики кораш хаст ва корашро дӯст медорад.Махсули дасташро хамеша аз дохилу хориҷи чи шаҳру чи кишвар мечуянд ва ӯ аз ин ҳисоб завраки зиндагияшро пеш мебарад.Накшҳои сафоли Гунобод асосан баргирифта аз устураҳои ирони ва пуррамзу роз нишонаи хуввият ва асолати фарҳанг махсуб мешавад

Қобил ба зикр аст,ки санъати сафолгарӣ дар Гунобод ҳаддиақал пешинаи панҷ ҳазор сола доштааст. Баррасиҳои бостоншиноси дар шаҳристони Гунобод нишон додааст,ки ҳаддиақал аз ҳазораи саввуми пеш аз милод сафолгарӣ дар ин минтақа ривоҷ доштааст. Сафолҳои пароканда дар деворҳои бостони ва ҷамъоваришуда аз лояҳои тамаддуни ба дунболи канданиҳои бостоншиносӣ то авохири даврони Сафавия хамонанди сафолҳои дигар деворҳо ва зистгоҳҳои Хуросон буда ва вачхи мушахас надоранд.Аммо аз авоили карни дувоздахуми ҳиҷрӣ навъе сафоли ҷадид бо вижагиҳои хос дар Гунобод зохир гардида аст.

Манбаъ

вироиш

Сарчашмаҳо

вироиш
  1. جمعیت به تفکیک تقسیمات کشوری (форс.)