Гуногунии зистӣ, гуногунии биологӣ — гуногунии ҳаёт дар тамоми падидаҳову зуҳуроташ.

Гуногунии зистӣ се дараҷаи ташаккул дорад: гуногунии генетикӣ (гуногунии генҳо ва аллелҳо), гуногунии намудӣ (гуногунии намудҳо дар экосистемаҳо) ва гуногунии экосистемавӣ (гуногунии худи экосистемаҳо). гуногунии зистӣ миёнаҳои асри 20 дар натиҷаи рушди усулҳои миқдории таҳқиқотҳои биологӣ арзи ҳастӣ кардааст. Ибораи гуногунии зистиро бори нахуст Г. Бэйтс истифода намуд (1892). Ақидае роиҷ аст, ки истилоҳи «Bio Diversity»-ро бори аввал соли 1986 В. Розен баён кардааст. Вобастагии гуногунии зистиро ба омилҳои муҳит Р. Уиттекер таҳқиқ намуд. Бино ба ақидаи ӯ се тарзи гуногунии зистӣ вуҷуд дорад: алфагуногунӣ (гуногунӣ дар дохили ҷамоа), бетагуногунӣ (гуногунии байни ҷамоаҳо) ва гаммагуногунӣ (гуногунии системаҳои фавқулсенозӣ вобаста ба тағйири муҳит). Баъдан чанд таснифи дигар пешниҳод гашт. Ҳама гуногуниҳои типологӣ ба ду гурӯҳ — гуногунӣ дар дохили биосистемаҳо (гуногунии инвентаризатсиявӣ) ва гуногунӣ дар байни биосистемаҳо (гуногунии тафриқавӣ) муттаҳид карда шуданд.

Ҳифзи гуногунии зистӣ аз масоили муҳимми соҳа ба шумор меравад. Маҳв гаштани намудҳои биологӣ раванди табиии идомаи ҳаёт аст. Дар ҷараёни таҳаввулот бисёр намудҳо комилан нобуд шуданд, мас., дар давраи перм кулли трилобитҳо ба ҳадди нестӣ расиданд. Аз асри 17 то ҳоло омили асосии нобуд гаштани намудҳо фаъолияти нодурусти хоҷагидории инсон мебошад. Сабабҳои асосии коҳиши гуногунии зистӣ истифодаи бенизоми сарватҳои табиат, муносибати нодуруст ба намуду экосистемаҳо, сиёсати ғалат дар истифодаи сарватҳои табиат, дарки нодурусти моҳияти гуногунии зистӣ мебошад. Омили ба ҳадди нестӣ расидани баъзе намудҳо маҳдуд сохтани макони зист ва бераҳмона нобуд кардани онҳост. Фақат дар бешазорҳои тропикӣ зиёда аз 100 намуди ҳайвонот батамом аз байн бурда шудаанд. Тадбирҳо оид ба нигаҳдории гуногунии зистӣ бояд дар доираи тамоми давлатҳо сурат гиранд.

Хусусиятҳои экологӣ, ҷуғрофиёӣ ва иқлимии Тоҷикистон барои ташаккули гуногунии зистӣ мусоидат мекунанд. Олами ҳайвонот, ҳашарот ва набототи ҷумҳурӣ ғанию рангин, гуногун ва қобили пажӯҳиш мебошад. Иқлими кишвар барои зисти зиёда аз 10 ҳазор намуд ҳайвоноти бемуҳра, 49 намуд моҳӣ, 2 намуд обхокӣ, 44 намуд хазанда, 84 намуд ҷонварони ширхӯр, рушду нумӯи зиёда аз 5 ҳазор намуд наботот мусоид аст. Баъзе намудҳои ҳайвоноту рустаниҳои Тоҷикистон эндемӣ (хосси маҳал) мебошанд. Ин далели маркази пайдоиши бисёр гурӯҳҳои набототу ҳайвонот будани сарзамини мост. Омӯзиши гуногунии зистӣ имкон медиҳад, ки бисёр намудҳои набототу ҳайвоноти нодир ошкор ва роҳҳои оқилонаи истифодаю ҳифзи онҳо дарёфт карда шаванд.

Адабиёт

вироиш
  • Материалы международной научной конференции «Экологические особенности биологического разнообразия в Республике Таджикистан и сопредельных территориях». Х., 1998;
  • Лебедев Н. В., Дроздов Н. Н., Криволуцкий Д. А. Биоразнообразия и методы его оценки. М., 1999; География и мониторинг биоразнообразия, Научный и научно-методический центр. М., 2002;
  • Залепухин В. В. Теоретические аспекты биоразнообразия. Волгоград, 2003;
  • Адрианов А. В. Современные проблемы изучения морского биологического разнообразия, // Биология моря. Т. 30, № 1, 2004.